Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2017 09:04

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи гузаронидани
интихоботи машваратчиёни халқии
судҳои ҳарбии гарнизонҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 14 феврали соли 2017 гузаронида шавад.
2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, бо мувофиқаи раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин Фармон гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мувофиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
23 январи соли 2017
№826

Январь 24, 2017 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд