Футбол: ғалабаи Тоҷикистон бар Юнон дар бозиҳои байналмилалӣ барои ҷоизаи Гранаткин
ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат оид ба футбол дар бозии аввалини худ дар гурӯҳи «А» дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дирӯз дар шаҳри Санкт Петербурги Россия шурӯъ гардид, бар дастаи мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Варзиш» хабар дод.
Дар вохӯрӣ, ки аслан бо бартарии тарафайн сурат гирифт, як голи задаи Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 55-ум аз зарбаи пеналтӣ пирӯзиро ба дастаи мунтахаби кишварамон мансуб гардонид.
Эҳсони Панҷшанбе, муаллифи аввалин гол дар ин мусобиқа бозингари беҳтарини вохӯрӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Юнон эълон гардид.
Дар бозии даври навбатӣ футболбозони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз Булғория вориди майдон мешаванд. Бозӣ 10-уми январ соати 16:15 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи Валентин Гранаткин 16 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Юнон (8 январ), Булғория (10 январ) ва Эстония (12 январ) бозӣ мекунад.
Гурӯҳи «А». Даври аввал
ТОҶИКИСТОН Юнон 1:0
Гол: Эҳсони Панҷшанбе, 55 аз пеналти.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: Далер Азизов, Ҳувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов (Саидмухтор Азимов, 90), Зиёвуддин Фузайлов, Умарҷон Шарифов (Манучеҳр Сафаров, 86), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 78), Нуриддин Ҳамроқулов.
Огоҳӣ гирифтанд: Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Вақдат Ханонов (Тоҷикистон).
Довари майдон: Антон Баталов (Россия).








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






