ДУШАНБЕ, 05.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Муждаеро, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Парлумони кишвар оид ба қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба мардуми кишварамон расониданд, кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфтанд»,-иброз дошт Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Мавсуф афзуд, ки барои амалӣ намудани иқдоми наҷиби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ омодагии ҷиддӣ гирифта, инчунин нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олиро, ки фарогири масоили марбут ба ҳифзи муҳити зистанд, сармашқи кори худ қарор медиҳанд. Пешвои миллат дар радифи таҳлилу баррасии соҳаҳои дигари мамлакат, ҳамчунин ба масъалаи беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар Паёми Сарвари давлат саҳми Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар асоси арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи 98 фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, бо истеҳсоли ин намуди энергия имконияти ба атмосфера кам партофт шудани газҳои гулхонавиро дорад. Масалан ҳаракати нақлиёти барқии роҳи оҳан дар шароити Тоҷикистон бисёр муфид ва камхарҷ аст.
Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст
«Ховар»: Татбиқи Даҳсолаи нав дар самти расидан ба ҳадафҳои муҳити зист ва беҳдошт, бахусус дар таъмини устувории муҳити зист чӣ таъсир мерасонад?
Хайрулло Ибодзода: Ҷонибдории пешниҳоди Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», 2018-2028 аз сӯи СММ барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон хеле баманфиат аст. Тибқи таҳлили коршиносон аллакай чандин кишварҳои ҷаҳон, ки оид ба Даҳсолаи қаблии амалиёти «Об-барои ҳаёт» дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои он шомил набуданд, дар пешниҳоди Даҳсолаи дуюм ҳамраъйии худро иброз доштанд.То ҷое мусаллам аст, Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ зарурати таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист ва самаранокии истифодаи он, ҳифзи экосистемаҳои об, идоракунии муштараки захираҳои об ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамеша таъкид мекунанд.
Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши муассир дорад
Бояд тазаккур дод, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ташаббусҳои Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2000 ҷалб намуда буд. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои глобалии экологӣ, ки ба рушди ҷумҳурӣ ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим иртибот дорад, зич алоқаманд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускори 4 эъломия марбут ба об, ки аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, шинохта шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ конфронси байналмилалии сатҳи баланд марбут ба об баргузор шуд, ки дар онҳо масъалаҳои экологии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардид. Ин чорабиниҳо барои таъмини амнияти бехатарии экологии аҳолии сайёра нақши муҳим бозиданд.
Пешниҳоди Тоҷикистон идомаи пешниҳодҳои глобалии марбут ба об аст
Пешвои миллат дар Форуми 7 умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаи об, 12 апрели соли 2015 дар Кореяи Ҷанубӣ ва Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», ки 9-11 августи соли 2016 дар Душанбе баргузор шуд, пешниҳод карданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад ва он аз ҷониби иштирокчиёни Форум дастгирӣ ёфт. Ин пешниҳод идомаи пешниҳодҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об мебошад.
Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар давоми 15 соли охир 7 маротиба конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланди байналмилалӣ марбут ба об гузаронида шуданд, ки ҳамаи онҳо ҷанбаи экологӣ дошта, барои ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ нақши муҳим мебозанд.
Рақобати иқтисодӣ омили зуҳури мушкилоти экологист
Масъалаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, бахусус захираҳои обӣ, тағирёбии иқлим масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳалталаби экологӣ дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳониянд. Дар ибтидои соли 2016 аз ҷониби СММ барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки бархе аз ин ҳадафҳо ба масоили экологӣ иртибот доранд. Дар даврони муосир масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи табиат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб мешаванд. Зеро аз як сӯ, афзоиши бемайлони аҳолии сайёра ва аз ҷониби дигар, рақобат дар соҳаи иқтисодиёт боиси сар задани мушкилоти зиёди экологӣ гаштааст.
Даҳсолаи байналмилалии амал яке аз талаботи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст
«Ховар»: Нақши Даҳсолаи навро дар самти татбиқ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Хайрулло Ибозода: Имрӯз масъалаи асосие, ки дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, аз он иборат аст, ки чӣ тавр уҳдадориҳои эълоншуда имкон доранд дар амалиёт ва нақшаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об пайваста татбиқи комилу амалии худро пайдо намоянд. Дар оғози фаъолияти муштарак дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки яке аз талаботи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст, дар назди мо айнан чунин масъала меистад. То ҷое мусаллам аст, захираҳои об дар самти расидан ба ҳадафҳои рушд, ки дар Эъломияи Ҳазорсола дарҷ ёфтаанд, аҳамияти аввалиндараҷа касб кардаанд. Ҷаҳду талоши мо ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини баробарӣ ва василаҳои зиндагӣ, коҳиш додани осебпазирӣ ва ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, ба рушду идораи оқилонаи захираҳои об иртибот дорад.
Тадбирҳои муҳими экологӣ андешида мешаванд
«Ховар»: Дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар самти ҳифзи муҳити зист ва вазъи беҳдошти (санитарӣ) кишвар чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
Хайрулло Ибодзода: Дар доираи татбиқи Даҳсолаи якум аз ҷониби воҳидҳои сохтории Кумита дар ҷойҳо ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ чорабиниҳои ҷумҳуриявии оммавӣ гузаронида шуданд, ки амалиёти «Тозагии соҳил» мисоли равшани он аст. Чунин тадбирҳои муҳими экологӣ дар оянда тақвият ёфта, барои беҳдошти манбаъҳои обӣ мусоидат мекунанд.
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ташаббусҳо ва тибқи салоҳияти Кумита нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар радифи масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба ҳифзу истифодаи оқилонаи об тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳифз ва нигоҳдории захираҳои обӣ, андешидани тадбирҳо оид ба ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани партовҳое, ки боиси ифлосшавии об мегарданд, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо дар талу теппаҳо ҷиҳати нигоҳдории қабати ҳосилхези замин ва аз ярчу сел нигоҳ доштани он, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва ба ин васила аз бодлесӣ, шӯршавӣ, баландшавии обҳои зеризаминӣ нигоҳ доштани замин ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба истифода ва ҳифзи об аз ҳамин қабиланд.
Ҳифзи табиат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст
Муносибати оқилона ба табиат ва чун гавҳараки чашм ҳифз намудани он вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳу дурандеш аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки маърифати экологиии ҷомеаро баланд бардорем. Ин на танҳо вазифаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, балки тамоми мақомоти давлатӣ ва дар маҷмӯъ рисолати ҷомеаи кишвар аст.
Кумита ва мақомоти зерсохтори он фаъолияти худро барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи табиат, бахусус пешгирии ифлосшавӣ ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, пешгӯии хатарҳои марбут ба об, таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона кардаанд. Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои амалиёти Даҳсолаи нав, тозагию озодагии табиат, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, дар ҳифзи табиати биҳиштосои кишварамон нақши муассир мегузоранд.
Мусоҳиб Марзия САИДЗОДА,
хабарнигори «Ховар»