Хархаша ва ё занозанӣ дар бозии баскетбол

Январь 9, 2017 15:40

ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни бозии ду дастаи баскетболи занонаи Лигаи донишҷӯёни Амрико- «Юта» ва «Невада» хархаша ва занозанӣ байни бозингарони ҳар ду даста ба вуҷуд омад. Наворҳои ин муноқиша дар Twitter пайдо шудаанд.
Муноқиша байни бозингарон дар поёни қисми сеюми бозӣ ба вуқӯъ омад. Намояндаи дастаи «Юта» ҳарифашро тела дод ва ин боис гардид, ки дар майдони бозӣ занозанӣ ба вуҷуд ояд. Ҳайати эҳтиётии дастаҳо ҳам ба ин маърака ҳамроҳ шуд.
Мураббиёну доварон муваффақ шуданд, ки ин занозаниро ором карда, вохӯриро ба анҷом расонанд.
Дар натиҷа дар овертайм баскетболбозони «Невада» бо ҳисоби 55:53 ғалаба карданд.

Январь 9, 2017 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд