Хоккей: Дастаи мунтахаби ҷавонони ИМА чемпиони ҷаҳон шуд
ДУШАНБЕ, 6.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби ИМА дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон оид ба хоккей дар вохӯрии ниҳоӣ Канадаро мағлуб карда, унвони чемпиониро соҳиб шуд. Дар ин бора «Лента.ру» хабар медиҳад.
Барои ғолибро муайян кардан чун дар бозӣ барои ҷои сеюм зарурати таъйини қисми иловагӣ ба миён омад. Аммо он ҳам ғолибро муайян карда натавонист. Дастаҳо дар ҷараёни вохӯрӣ ба дарвозаи якдигар 4 шайбаӣ заданд. Аз дастаи Америка Чарли Макэвой (дақиқаи 24), Кифер Беллоуз (30, 45) ва Колин Уайт (48) ва аз канадагиҳо Томас Шабо (5), Ҷереми Лаузон (10), Николя Руа (42) ва Мэттю Жозеф (45) муаллифи шайбаҳо шуданд.
Баъди анҷоми овертайм силсилаи булитҳо таъйин гардиданд. Дар он америкоиҳо бо бартарии як шайба ғалаба карда, маротибаи чорум соҳиби медалҳои тилло ва унвони чемпионӣ гаштанд
Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи мунтахаби Россия бар Шведсия бо ҳисоби 2:1 дастболо гардида, медалҳои биринҷиро аз худ кард.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей миёни ҷавонони то 20-сола шурӯъ аз 26 декабр то 6 январ бо ширкати 10 даста дар шаҳрҳои Торонто ва Монреали Канада гузаронида шуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






