Хоккей: Дастаи мунтахаби Россия соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 6.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Россия оид ба хоккей дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон ба гирифтани медалҳои биринҷӣ сазовор шуд. Дирӯз дар бозӣ барои ҷои сеюм хоккейбозони рус дар қисми иловагӣ (овертайм) бар дастаи мунтахаби Шведсия бо ҳисоби 2:1 дастболо гардиданд.
Қисмҳои асосии вохӯрӣ бо голҳои задаи Кирилл Капризов ва Ҷонатан Даллен (1:1) мусовӣ ба поён расиданд. Дар қисми иловагӣ Денис Гурянов голи бартариро ба ҳадаф расонида, русҳоро ғолиб гардонд.
Дар бозии ниҳоӣ, ки шоми имрӯз баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Америка ва Канада бо ҳам рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей миёни ҷавонони то 20-сола шурӯъ аз 26 декабр то 6 январ бо ширкати 10 даста дар шаҳрҳои Торонто ва Монреали Канада ҷараён дорад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






