Имрӯз ҳавои ҷумҳурӣ софу беғубор мешавад
ДУШАНБЕ, 10.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар пойтахти кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 3 то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 23 то 28 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, фаромадани туман пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш бо назардошти фаромадани туман ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 16 то 21 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 13 то 18 дарача ва рӯзона то 5 дараҷа сард мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






