Имрӯз аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 10 сол сипарӣ шуд

Январь 10, 2017 14:06

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.

Эмомалӣ Раҳмон, Паём, 22.12.2016

ДУШАНБЕ, 10.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 10 сол қабл, яъне 10 январи соли 2007 бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бартараф намудани такроркунии вазифа ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул шуда, 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба он имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошт ва он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид. Баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми ин барномаҳо Агентӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои онҳо дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо тадбирҳои таъхирнопазир ва муассирро андешида истодааст.
Дар назар аст, ки то ба анҷом расидани муҳлати пешбинишудаи санади барномавии миёнамуҳлати зиддикоррупсионӣ сатҳи коррупсия дар кишвар паст гардида, шароит барои рушди иқтисодӣ, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум фароҳам оварда мешавад.
Агентӣ баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Роҳбари давлат бармеояд.
Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода, муқовимати шадидро бар зидди ин падидаи номатлуб боз ҳам пурзӯр хоҳад кард.

Январь 10, 2017 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид