Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов

Январь 27, 2017 17:49

ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти сӯҳбат натиҷаҳои кори Комиссия ва масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия  мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби худ аҳамияти натиҷаҳои кори Комиссияи муштаракро барои пешбурди минбаъдаи ҳамдастии ду кишвар дар тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Зимнан қайд гардид, ки соли равон Тоҷикистон ва Россия 25-солагии роҳандозии робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд ва тайи ин давра масоили вобаста ба таҳкиму ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ — Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса доштанд ва хоҳанд дошт.

Сарвари давлати мо дар ишора ба зумрае аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия аҳаммияти идомаи ҳамкории ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии онҳо бо назардошти ниёзмандиҳои воқеӣ ва имкониятҳои мавҷуда таъкид намуданд.

Ба ҳайси самтҳои ояндадор соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иҷтисоди Тоҷикистон ном бурда шуданд.

Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар ояндаи наздик омода сохтану ба имзо расонидани бастаи нави созишномаҳо, ки ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудаанд, таваҷҷӯҳи лозимӣ зоҳир карда шуд.

Президенти Тоҷикистон инчунин ба зарурати роҳҳои қобили қабули тарафайни ҳалли масъалаҳое, ки дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ба вуҷуд омада, барои шаҳрвандон мушкилот эҷод мекунанд ва боиси доғдор шудани шарокати стратегии ҳарду давлат мегарданд, ишора намуданд.

Дар партави таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавиву фарҳангии мардумони ҳарду кишвар, Президенти Тоҷикистон аҳамияти робитаҳои фарҳангиву гуманитариро махсусан қайд намуданд.

Дар ин замина ва бо дарназардошти ҳавасмандии зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати ба даст овардани маълумоти оливу миёна ба забони русӣ, аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани квотаҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия аз рӯи касбу ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи рӯзи кишвари мо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Дар баробари ин таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо кадрҳои педагогии рус, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ низ ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд гардиданд.

Ба ин манзур Президенти Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби Россия расонидани кумаку мусоидати амалӣ дар ҳалли масъалаҳои мазкур изҳори умед намуданд.

Дар фароварди сӯҳбат, ки дар рӯҳияи созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, тарафҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои кори Комиссияи байниҳукуматӣ ба сифатнокии маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия таъсири мусбат хоҳанд расонид.

 

Январь 27, 2017 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд