Натиҷаи қуръакашии Ҷоми ФФТ
ДУШАНБЕ, 13.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қароргоҳи ФФТ расми қуръакашии мусобиқот барои Ҷоми ин ниҳод дар минтақаи марказ баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад. Тибқи қуръакашӣ 9 дастаи минтақаи марказ ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд ва ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА «Помир», «Локомотив» (Душанбе) ва Кӯктош (Рӯдакӣ), ба гурӯҳи «В» «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ», «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хайр»(Ваҳдат) дохил шуданд.
Аз рӯи низомномаи мусобиқа дастаҳо дар як давр бо ҳам рақобат мекунанд ва аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Ғолиби гурӯҳи «А» ва ҷои дуюми гурӯҳи «Б» дар бозиҳои ниҳоӣ ба гурӯҳи «Б» ва ғолиби гурӯҳи «Б» ва ҷои дуюми гурӯҳи «А» ба гурӯҳи «А» шомил мешаванд.
Аз рӯи анъана мусобиқа барои ҷоми ФФТ дар ду марҳала- интихобӣ ва ниҳоӣ гузаронида мешавад. Марҳалаи интихобӣ дар се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон доир гардида, 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Бино ба иттилои ФФТ, бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
«Дастаҳое, ки ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд, вале ба он ҳозир намешаванд, ба муҷозоти молӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ гирифтор хоҳанд шуд»,-омадааст дар хабари сомонаи ФФТ.
Ёдрас мешавем, ки соли 2016 дастаи «Регар ТадАЗ» дар бозии ниҳоӣ бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, соҳиби ҷоми ФФТ гардида буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






