Нуриддин Саид: «Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба барномаи таълимӣ ворид карда мешавад»

Январь 9, 2017 14:21

ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имсол ба барномаи таълимии синфҳои 8 ва 9 омӯзиши пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда мешавад. Ин нуктаро имрӯз Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон иброз дошт.
Ба иттилои вазир, ин се қонун дар фаслҳои алоҳида дар китобҳои «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ҷой карда шуда, аз оғози моҳи сентябр омӯзиши он ба роҳ монда мешавад.
«Тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти асосии ҳатмӣ 9 сол аст ва як қисми хонандагон баъд аз хатми синфи 9 ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб шуда, синфи 10-11- ро намехонанд. Аз ин рӯ ба хотири аз ин маълумоти пурра берун намондани онҳо ин барнома дар барномаи таълимии синфҳои 8-9 ҷойгир карда шуд»,- илова намуд Нуриддин Саид.

Январь 9, 2017 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд