«Ҳосилот» ва «Истиқлол»- ғолибони бозиҳои аввал барои Ҷоми ФФТ
ДУШАНБЕ, 27.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе оғоз гардид. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки ҳафтаи оянда аввалин вохӯрии расмии худро дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо «Шоҳин Асмоӣ» дар Душанбе мегузаронад, дар бозии худ бо «Хайр»-и Ваҳдат бо натиҷаи 2:0 ғолиб омад. Ин вохӯрӣ дар гурӯҳи «Б»-и мусобиқот сурат гирифт. Иброҳим Рабимов (67) ва Наврӯз Рустамов (74) муаллифи голҳо шуданд.
Дар бозии дуюми рӯзи гузашта ҳайати ҷавонони «Истиқлол» бар «Барқчӣ» бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардиданд.
Имрӯз дар идомаи вохӯриҳо барои Ҷоми ФФТ «Регар-ТадАЗ» бо «Локомотив-Помир» (12:30) ва КМВА «Помир» бо «Кӯктош» (15:00) вориди майдон мешаванд.
Аз минтақаи шаҳри Душанбе чор даста ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бино ба иттилои ФФТ, бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд. 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ аз се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон роҳхат мегиранд.
Тақвими мусобиқа дар минтақаи Душанбе
Даври 1
26 январ (панҷшанбе)
12:30 «Ҳосилот» — «Хайр» 2:0
15:00 «Барқчӣ» — «Истиқлол» 2:1
27 январ (ҷумъа)
12:30 «Регар-ТадАЗ» — «Локомотив-Помир»
15:00 КМВА «Помир»- «Кӯктош»
Даври 2
28 январ (шанбе)
12:30 «Ҳосилот» — «Истиқлол»
15:00 «Барқчӣ» — «Хайр»
29 январ (якшанбе)
12:30 «Ваҳдат» — «Кӯктош»
15:00 «Регар-ТадАЗ»-КМВА «Помир»
Даври 3
30 январ (душанбе)
12:30 «Ҳосилот» — «Барқчӣ»
15:00 «Истиқлол» — «Хайр»
1 феврал (чоршанбе)
12:30 «Ваҳдат» — «Локомотив-Помир»
15:00 «Регар-ТадАЗ» — «Кӯктош»
Даври 4
3 феврал (ҷумъа)
12:30 «Ваҳдат» — КМВА «Помир»
15:00 «Локомотив-Помир» — «Кӯктош»
Даври 5
6 феврал (душанбе)
12:30 «Ваҳдат» — «Регар-ТадАЗ»
15:00 КМВА «Помир» -«Локомотив-Помир»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






