Қосим Роҳбар: «Ҳадафи асосии Кумита такмилу таҷдид додани сохтори маҳаллист»
ДУШАНБЕ, 10.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Барои иҷрои ҳадафи олии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2016 дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки муовинони раисони вилоятҳо, намояндагони вазорату идораҳо натиҷаи мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоятҳои Суғду Хатлон баррасӣ карда шуда, дар асоси натиҷаи он пешниҳодҳои Кумита ба 6 лоиҳаи барномаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии нави ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Ванҷ ва ноҳияи Ҷ.Расулов омода карда шуданд»,- зикр намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар.
Дар нишаст зикр карда шуд, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани механизми идоракунии маҳалӣ, таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифати давлатӣ, мониторинги самаранокии татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» пешниҳодҳо омода кард. Такмили лоиҳаи Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаи шартномаи маъмуриро гузаронида, ба Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шуданд.
Ҳадафи асосии фаъолияти Кумита, пеш аз ҳама, такмилу таҷдиди сохтори маҳаллӣ ба шумор рафта, ҳамчунин роҳандозии ҳукумати электронист. Тавре Қосим Роҳбар таъкид кард, Кумитаи рушди маҳал дар оянда кӯшиш мекунад, то дар ҳама ҷамоатҳо интернет роҳандозӣ карда шавад.
Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуда, фаъолияти асосии он ба шаҳраку ҷамоатҳои кишвар вобаста аст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






