Рӯзи умумиҷаҳонии ташаккур: Ташаккур кардан рӯҳи одамро болида месозад

Январь 11, 2017 17:17

ДУШАНБЕ, 11.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 11 январро бе ягон муболиға метавон яке аз рӯзҳои боназокати сол номид, чунки имрӯзро дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ташаккур таҷлил менамоянд. Ҳамаи мо муҳимияти ахлоқи ҳамида ва зарурати онро дар ҳаёти рӯзмарра ба хубӣ дарк мекунем. Вале бештари кори хубро мо нохост (ҳамту), ба моҳияти он аҳамият надода, ифода мекунем. Вале калимаи ташаккур қувваи мӯъҷизакоронаи ба худ хос дорад, ки ба воситаи он инсонҳо ба якдигар хурсандӣ мебахшанд, таваҷҷуҳ менамоянд ва эҳсоси мусбат мерасонанд.

«Ташаккур» калимаи арабӣ буда, решааш «шукр»- ҳамрадифи шокир, муташаккир мебошад ва дар забони адабии тоҷик доираи васеи истифодаро фаро мегирад. Ин калима дар гӯйишу шеваҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон роиҷ буда, истифодаи он аз ҳушмандӣ ва соҳиби завқи баланду фасоҳати хуби забонӣ будани гӯянда дарак медиҳад.

Сахидод Раҳматуллозода, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд, ки калимаи «ташаккур» бо чанд тарз, аз ҷумла раҳмат, муташаккирам, сипосгузорам, лутфи шумо зиёд шавад, муҳаббататон кам нашавад, дасти шумо дард накунад, ки чандтоаш аз забони форсӣ аз Эрону Афғонистон ба мо гузаштааст, истифода мешавад.

Ба андешаи Сахидод Раҳматуллозода, ташаккур суханест, ки рӯҳи шахсро болида мегардонад. Яъне ташаккур гуфтан маданияти бисёр баланди инсонӣ аст, ки дар муқобили хизматҳо ё амали ин ё он шахс ба ӯ миннатдорӣ мекунем. Аз корҳои неки инсонӣ ташаккур кардан на танҳо рӯҳи одамро болида мекунад, балки барои анҷом додани амали неки дигаре хизмат карда метавонад. Ҳамин калимаи неки инсониро бояд аз хонавода омӯзем. Аввалин шуда дар хона ба фарзандон, ҳамсар ва наздикон бояд ташаккур гӯем, то дар зеҳни онҳо шинад ва рӯҳияашонро аз субҳ то шом болида гардонад. Мо дар минбарҳои баланд зимни суханрониҳои хуб ва нохуб ҳам бошад, ташаккур мегӯем. Зеро ташаккур як сухани бисёр  муқаддасест, ки метавонад барои равнақу ривоҷи ояндаи шахс хизмат кунад. Иштибоҳ намекунем, агар гӯем, ки аз рӯи истифодаи калимаҳо «ташаккур» яке аз калимаҳои серистеъмол дар дунё ба шумор меравад. Дар таърихи тамоми башарият  муомилаву муносибатҳои нек зиёданд. Баъзе муомилаву муносибатҳое ҳастанд, ки бо имову ишора ва баъзеашон бо забон  баён мешаванд. Масалан, саратонро такон диҳед, маънои ташаккурро дорад. Агар хандидед, қош парондед, дастатонро фишондед, чашмак задед ё рӯятонро гардонидед, маъноҳои дигар дорад. Вале дар калимаҳо асосан маъноҳо равшананд. Махсусан калимаҳои тарбиявие, ки мо дар забон ва адабиётамон дорем, бо маъноҳои бисёр равшану муҳим дар ибораҳои озоди синтаксисӣ маъмуланд.

Ҳамсуҳбат зикр менамояд, ки дар адабиёти классик ва муосири мо калимаҳо барои баёни муқобил, ки онро энантиосемия мегӯянд, фаровон истифода шудаанд. Ҳамин энантиосемияро дар калимаи «ташаккур» низ истифода кардан мумкин аст. Масалан, як нафар кори бад кард, мо мегӯем ташаккур барои коратон, зинда бошед, ҳамин хел давом диҳед, яъне баръакс гуфта истодаем. Хона меоед, ки фарзандатон телевизорро корношоям кардааст. Мегӯед аҳсан, офарин, сипосгузорам, ана ҳамин хел идома додан гиред. Яъне шумо гуфтаниед, ки ин коратон хуб нест. Агар гӯед лаънат ба шумо, садқаи одамгарӣ шавӣ, ӯ ҳам аз ин суханон азоб мекашад. Нороҳат мешавад, мумкин дар ҷавоби гуфтаҳои шумо ягон сухани қабеҳ ҳам гӯяд. Вале вақте шумо мегӯед, ташаккур корат бисёр хуб. Шояд механдаду мефаҳмад, ки аз кори бади ман падар нороҳат нашуданду   ташаккур гуфтанд ва дигар ин корро такрор намекунад. Агар мо ҳамарӯза аз калимаҳои муқобили баён, ба мисли «ташаккур» истифода барем, дар таълимгоҳҳо барои изҳори сипос кардан ба ҳамдигар дарсҳои алоҳида гузаронем, боварӣ дорам, ки истифодаи калимаҳои қабеҳ аз байн меравад.

Муҳиба Маҳмадҷонова,  доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҶТ  калимаи «шукр»-ро дар мавридҳои гуногун ба маънои сипосгузорӣ аз неъматҳои зиндагӣ, аз пешвову раҳнамои оқилу хирадманд, аз доштани давлати соҳибистиқлоли хеш ва ваҳдату ягонагии миллӣ, сиҳатӣ ва саломатии шахсӣ, оромишу осудагӣ дар зиндагӣ, аз дастрасии касбу кори мувофиқ ба табъу рӯҳияи шахсӣ, доштани оилаи солим ва фарзандони накӯ, касбу кор, пешрафту беҳбудиҳои фарҳангиву неъматҳо ва зебоиҳои табиат шарҳ дод.

Ба ин маънӣ «шукри ом»,- сипоси неъмат дар маънои неъматҳои дунявӣ ва ба сабаби ноил шудан ба онҳо ва «шукри хос»-ро дар назар доранд. Аммо парҳез аз ифроткорӣ таърихан хоси фарҳангу тамаддуни тоҷик ба шумор рафта, яке аз шохисҳои қадимтарини ахлоқу одоб ва рафтору пиндори нек шинохта шудааст.

«Шукр кардан» аслан амале аст, ки бинобар қиёси дирӯз, имрӯз ва фардо ба амал омада, дар натиҷаи муқоисаи сифатии ҳолати гузашта бо имрӯза, муайян кардани нишонаҳои ҳодисаи мавриди баррасӣ ва мувофиқати он бо идеоли дар зеҳни инсонҳо вуҷуддошта сурат мегирад. Ин амалест назири натиҷагирӣ аз корбурди усулу ибтикорот дар татбиқи ормонҳои беҳтарини инсон ва ҳам ба инсонҳои алоҳида, ҳам ба ҷомеаи башарӣ тааллуқ дорад. Мафҳуми «шукр кардан» дар ахлоқи Шарқ, чун мафҳумҳои калидӣ вуҷуд дошта, аз он ба ахлоқи умумиинсонӣ убур карда, ҷанбаҳои умумӣ (универсалӣ) пайдо намудааст.

Аслан, дар тамоми фарҳангу тамаддунҳои шарқӣ мафҳуми «шукр кардан» ба маънои қаноатманд шудан аз татбиқи амале, аз баррасии вазъияти мусбат, ҳифзи устуворӣ, ки яке аз талаботи асосӣ нисбат ба осоиштагӣ, сулҳу субот, оромии дохиливу ботинии шахсу ҷомеа мебошад, вуҷуд дорад. Дар фарҳангу тамаддуни Шарқ «шукр кардан» яке аз мафҳумҳои ифодагари амнияти онтологӣ шудааст, ки тавассути он суботи фардӣ ва иҷтимоӣ ифода мешавад. Ин мафҳум зоҳиран, сукуте як замонӣ ҷиҳати баррасии вазъияти воқеӣ, муайян кардани ҷанбаҳои татбиқшуда ва роҳу заминаҳои минбаъда аст, ки барои татбиқи нақшаҳои тоза қуввату ирода мебахшад.

«Шукр кардан» яке аз хислатҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки ба сабру шикебоӣ ва хушбинии он вобаста буда, дар фарҳанги тоҷик мақому мартабаи хос дорад. Он ҳидоят менамояд, то бо имрӯзи устувор қаноатманд шуда, ба ояндаи хубу дурахшон умед бандад. Дар заминаи шукргузорӣ иродаи миллат мустаҳкам ва нақшаҳои оянда барояш татбиқшавандаву дастрас ифода мешаванд. Шукргузорӣ ба миллати мо, ки аслан шукргузор аст, шохисҳои ифроту тафрит ва зиёдаравиву исрофкориро муайян ва аз онҳо пешгирӣ менамояд. Бинобар ин аслан, ба миллати тоҷик чунин хислатҳои манфӣ-ифроту тафрит ва зиёдаравиву исрофкорӣ ва амсоли он хос набуда, таъсири беруна ба фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳикмати миллӣ аз қарнҳо тоҷиконро дар рӯҳияи қаноатмандӣ аз рӯзи ҷорӣ, рӯзии дастрас ва амнияту осоиштагии воқеӣ, сипосгузорӣ ва арҷгузории лаҳзаву замони нек тарбия намудааст. Шукргузорӣ хеҷ гоҳ рӯҳияи мазлумиро дар назар надорад, зеро дар ҷанбаи худ ҳидояти мусбатро ҳамчун паёми калидӣ ҷой дода, ҷиҳати таъмини «амнияти онтологии» шахсият ва ҷамъият яке аз мафҳумҳои бунёдии ҳувияти нави тоҷикон пешниҳод мегардад. Аз ин рӯ, мо ҳамеша шукргузори Тоҷикистони азиз ва миллати бофарҳанги он мебошем, ки доимо шукри обу хоки ин сарзаминро дорад.

m-abdurahmonАбдураҳмон Муҳаммад, директори  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, профессор иброз намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо даъвати ҳамешагии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Шукронаи ана ҳамин сарзамин, ана ҳамин давлат кунед. Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред» ҳикмати бузург дорад, ки боиси ифтихор ва шарафмандист. Барои арҷгузории ин арзиши фарҳангиямон, яъне маҳорати шукргузорӣ доштан бо самимияту дарки амиқ пайваста истиқбол меёбад. Акнун дар ин даъватҳо таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, ба шукргузорӣ аз марзу буми давлати соҳибистиқлоламон ва сулҳу ҳаёти осоиштае, ки дар он барқарор аст, ҷалб гардидааст. Эҳтирому ба инобат гирифтани ин даъват дар марҳилаи кунунии инкишофи давлатҳои миллӣ, ки аксари онҳо мувоҷеҳ ба нооромию бесуботӣ мебошанд, хеле муҳим ва зарурӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон новобаста аз он ки дар минтақаи ҳассоси зуҳури ин падидаҳо ҷой гирифтааст, вале бо иқдоми ба роҳ мондани сиёсати хирадмандонаю мулоҳизакоронаи Пешвои миллат  тавонист ин муддат оромию осоиштагии ҳаёти ҷамъиятиро таъмин намояд, ки  ин воқеан ҳам сазовори шукргузорӣ аст.

Бояд тазаккур дод, ки инсон мавҷуде ҳаст, ки талаботаш бо мурури инкишофи ҳаёти ҷомеа хусусияти беохиру бемаҳдуд пайдо мекунанд. Вале дар баробари ин хусусияти беҳамтойии инсон аз соири мавҷудоти зинда аз он иборат аст, ки ӯ ҳамеша бо мурури қонеъсозии талаботаш андешаи шукргузор буданро аз саодати рӯзгору зиндагии имрӯзааш ба хотири боз ҳам беҳтар шудани ҳаёти ояндааш аз хотир фаромӯш намекунад. Маҳз ҳамин сифат ӯро дар маърази эҳтироми инсонҳо ва наслҳои гуногун қарор медиҳад ва барояш дар ҷодаи бунёди зиндагии фаровону саодатмандона мувафаққиятҳо ба бор меорад.

Ҳисси шукргузорию  пос доштани дастовардҳои зиндагӣ ба инсон имконият медиҳад, ки ғаризаи созандагии таърихиро ба мерос барад ва онро ба наслҳои минбаъда ба ворисият диҳад. Насле, ки аз чунин эҳсосоту тафаккур бенасиб аст ё аз касби он канораҷӯӣ мекунад, тӯли таърих ҳамеша бо шикасту дастнигарӣ рӯ ба рӯ мегардад.

Бинобар ҳамин, шукргузорӣ ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои қаноатпешагии оддиро надошта, балки қобилияти қадрдонӣ намудани дастовардҳои аз наслҳои дигар ба мерос гирифтаю маҳсулу самараи таъмини зиндагии имрӯза, оромию осоиштагии ҳаёти ҷамъиятӣ ва мавҷудияти умедворӣ ба зиндагии боз ҳам дурахшони наслҳои ояндаро дарбар мегирад. Ин сифатҳо дар сирату амали мардуми тоҷик, хушбахтона, садсолаҳо ҷой гирифтааст ва имрӯз ҳам баръало мушоҳида мегардад.

Мо миллати шукргузорем, ки ҳамеша ба подоши меҳрубонию меҳнати ҳалол бо якдигар «боракаллоҳ», яъне баракати Худо бар ту бод мегӯем. Чунин аст ҳикмати ташаккур, раҳмат ва одобу русуми тоҷикӣ, ки дар онҳо арзиши раҳм, шафқат, лутф, розӣ будан, миннатдорӣ кардан ва бародарӣ хеле баланд таҷассум ёфтааст.


Мавҷуда АНВАРӢ

Январь 11, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад