Раиси Парлумони Арабистони Саудӣ: «Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои забардаст аст»

Январь 23, 2017 12:24

ДУШАНБЕ, 23.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гуфт: «Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои забардаст аст». Ин нуктаро ӯ дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри Ал- Риёз иброз дошт. Раиси Парлумони Арабистони Саудӣ зикр кард, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки зимни он панҷ санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст ба имзо расид, дар таҳким ва густариши муносиботи ду кишвар пояҳои устувор гузошт.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика, об, нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук, ҷалби сармояи Саудӣ дар татбиқи бархе аз лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, илму фарҳанг, варзиш, туризм, тандурустӣ ва дар самти тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ имкониятҳои ба роҳ мондани муносиботи бародаршаҳрӣ ибрози назар намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ду кишвар дар бахши амният, бахусус муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои замони муосир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ -терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир матраҳ гардид.
«Мо дар Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони араб мешиносем ва ба рушду таҳкими муносиботи гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем»,- афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон. Зуҳуров таъкид кард, ки бо такя ба иқтидорҳои васеи молиявӣ ва технологии Арабистони Саудӣ ва захираҳои бузурги табиию меҳнатии Тоҷикистон мо имкон дорем, ки дар ин самтҳо ҳамкории дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем.
«Тоҷикистон ҷониби Саудиро дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ, бахусус сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, неругоҳҳои обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, инчунин коркарду истихроҷи маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо истиқбол менамояд»,- зикр шуд дар мулоқот. Дар ин росто Тоҷикистон ҷиҳати доир намудани ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Ал-Риёз омодагӣ мебинад.

Раиси Парлумони Арабистони Саудӣ изҳор дошт, ки вай ба ҳайси Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ин мулоқотро барои тақвияти муносиботи байнипарлумонии Риёз ва Душанбе муҳим арзёбӣ менамояд, зеро он дар таърихи равобити кишварҳоямон саҳифаи нав боз хоҳад кард.

Январь 23, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд