«Реал» ба хотири мусулмонҳо нишонашро дигар кард

Январь 26, 2017 13:37

ДУШАНБЕ, 26.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Реал»-и Мадрид ба хотири таҳқир накардани мусулмонҳо ба қароре омад, ки нишонашро (эмблема) дар маҳсулоти истеҳсолшаванда дигар кунад. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.
Сабаби асосии дигар кардани нишон- ин ҷой доштани салиб дар болои тоҷ ба шумор меравад. «Реал» ҳамкориашро бо ширкати «Marka», ки ҳуқуқи истеҳсоли маҳсулотро бо нишони «Реал» дар кишварҳои Шарқи наздик ба роҳ мондааст, вусъат медиҳад. Тибқи шартнома бо ин ширкати бонуфуз клуби шоҳона розӣ шудааст салибро аз тоҷ бардорад.
«Дар кишварҳои халиҷи Форс нисбат ба салиб бо эҳсосот муносибат мекунанд. Аз ин рӯ боэҳтиёт амал бояд кард»,-гуфтааст ноиби президенти ширкати «Marka» Халид Алмаҳейрӣ.
Салиб танҳо аз нишони дар маҳсулот ҷойгиршаванда гирифта хоҳад шуд. Нишони клуб ҳамон тавре ки буд, боқӣ мемонад.
«Реал» яке аз клубҳои беҳтарини Испания ва ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Ин даста соҳиби 60 ҷоизаи футболи Испания ва 11 Ҷоми чемпионҳои Аврупо мебошад. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) «Реал»-ро беҳтарин клуби футболи ҷаҳон эълон кардааст.

Январь 26, 2017 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд