Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд

Январь 9, 2017 16:47

НОРАК, 09.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохўрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади шарҳу тафсир ва расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, фаъолону ҷавонон, кормандони корхонаю муассисаҳои шаҳр, раисони маҳаллаю деҳаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр нуктаҳои асосии Паём, аз ҷумла таъмини се ҳадафи асосии кишвар, масъалаҳои дастгирии ташаббуси ҷавонон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, ҷамъоварии андозҳо, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, бунёди иншооти гуногуни хизматрасонӣ, ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистон, пешгирии амалҳои номатлуб ва мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро шарҳ дода, таъкид сохтанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим доранд.

Январь 9, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд