СҲШ ва СААД камарбанди амниятӣ дар минтақа: ҷилавгирӣ аз ҳазор нияти анҷом додани амалҳои террористӣ
ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи ду соли охир аз ҷониби Маркази минтақавии мубориза бо терроризм, ки дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ таъсис дода шудааст, ҳудуди ҳазор нияти анҷом додани амалҳои террористӣ дар минтақа ҷилавгирӣ карда шуд. Ин матлабро Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ доир ба нақши созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар таъмини амният ва суботи минтақа зикр намуд.
Мавсуф нақши СҲШ дар таъмини амният ва суботи минтақаро муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки яке аз рисолатҳои СҲШ ин таъмини амният ва мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷудоихоҳӣ мебошад. Дар соли 2004 дар доираи СҲШ дар шаҳри Тошканд таъсис додани Маркази минтақавии мубориза бо терроризм далели ин гуфтаҳост. Дар ин марказ намояндагони тамоми ниҳодҳои қудратии кишварҳои узви СҲШ фаъолият доранд ва ҳадафи асосии он табодули иттилоот оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуби замони муосир- терроризм аст.
Ҳамзамон Худобердӣ Холиқназар нақши Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/-ро дар таъмини субот ва амнияти минтақа муассир арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки бо мақсади тақвияти амният дар минтақа шурӯъ аз соли 2012 дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон чандин машқҳои низомӣ бо ҳузури ҷузъу томҳо ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратии кишварҳои аъзои СААД гузаронида шуд, ки ҳадафаш омодагии низомӣ дар мавриди хатари ноамнӣ, ҷилавгирӣ аз воридшавии неруҳои террористӣ ба минтақа ва ҳифзи амният дар марзи ҷанубии СААД аст.
Таъкид шуд, ки кишварҳои аъзои СААД дар ҳамбастагӣ аз уҳдаи таъмини амният дар минтақа, хусусан сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон мебароянд, зеро он на танҳо сарҳади Тоҷикистон, балки марзи тамоми кишварҳои узви СААД мебошад.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






