Шикасти чемпиони Африка дар бозиҳои ниҳоии гурӯҳии ин қитъа
ДУШАНБЕ, 25.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Африка –дастаи мунтахаби Кот-д‘Ивуар (Соҳили Оҷ) дар ҷамъбасти бозиҳои ниҳоии гурӯҳии Чемпионати навбатии Африка оид ба футбол дар гурӯҳи «С» ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифта натавонист ва шоми дирӯз макони баргузории бозиҳо – Габонро тарк кард. Ин дар ҳолест, ки чемпионҳо дар бозии охирини гурӯҳ аз дастаи мунтахаби Марокаш бо натиҷаи 1:0 шикаст хӯрданд.
Бозиҳои ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо имсол бо нишондиҳандаҳои ғайричашмдошташ дар хотирҳо нақш хоҳад баст. Мизбони мусобиқа-дастаи мунтахаби Габон ва Алҷазоир ва ҳамакнун Кот-д‘Ивуар аз мусобиқа сарозер шуданд ва натиҷаи бозиҳои ояндаро пешгӯӣ кардан нашояд. Аз ҳама ачиб он аст, ки мураббии собиқи дастаи мунтахаби Кот-д‘Ивуар Эрве Ренер, ки ин дастаро ду сол қабл чемпион карда буд ва ҳоло сармураббии дастаи мунтахаби Марокаш мебошад, пеши роҳашро боздошт.
Ба ҳамин тартиб бозиҳои гурӯҳии Чемпионати Африка оид ба футбол дар се гурӯҳ ба анҷом расиданд. Тартиби ҷадвал дар гурӯҳҳо чунин аст :
Гурӯҳи A.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | БУРКИНА-ФАСО | 3 | 1 | 2 | 0 | 4-2 | 5 |
| 2 | КАМЕРУН | 3 | 1 | 2 | 0 | 3-2 | 5 |
| 3 | ГАБОН | 3 | 0 | 3 | 0 | 2-2 | 3 |
| 4 | ГВИНЕЯ-БИСАУ | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-5 | 1 |
Гурӯҳи В.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | СЕНЕГАЛ | 3 | 2 | 1 | 0 | 6-2 | 7 |
| 2 | ТУНИС | 3 | 2 | 0 | 1 | 6-5 | 6 |
| 3 | АЛҶАЗОИР | 3 | 0 | 2 | 1 | 5-6 | 2 |
| 4 | ЗИМБАБВЕ | 3 | 0 | 1 | 2 | 4-8 | 1 |
Гурӯҳи С.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | КОНГОИ ДЕМ. | 3 | 2 | 1 | 0 | 6-3 | 7 |
| 2 | МАРОКАШ | 3 | 2 | 0 | 1 | 4-2 | 6 |
| 3 | КОТ-Д’ИВУАР | 3 | 0 | 2 | 1 | 2-3 | 2 |
| 4 | ТОГО | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-6 | 1 |
Гурӯҳи D*.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | ГАНА | 2 | 2 | 0 | 0 | 2-0 | 6 |
| 2 | МИСР | 2 | 1 | 1 | 0 | 1-0 | 4 |
| 3 | МАЛИ | 2 | 0 | 1 | 1 | 0-1 | 1 |
| 4 | УГАНДА | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-2 | 0 |
*-бозиҳои даври сеюм имрӯз барпо мегарданд.
| 25 январ | 22:00 | Миср — Гана | Порт-Жантил |
| 25 январ | 22:00 | Уганда — Мали | Оем |








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






