Шуҳрат Неъматуллоев-роҳбари нави Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Агентии иттилоотии варзишии «Варзиш-Спорт» Шуҳрат Неъматуллоев дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон ба мақоми роҳбари ин ниҳод интихоб шуд.
«Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон беш аз 10 сол аст, ки ба ном фаъолият мекунад ва моро зарур аст, ки ҳамаро аз сифр оғоз намоем»,-гуфтааст Шуҳрат Неъматуллоев.
Шуҳрат Неъматуллоев дар ташкилу гузаронидани мусобиқаҳои бокс саҳми босазо гузоштааст. 1 октябри соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар шаҳри Душанбе беҳтарин боксчиён аз кишварҳои гуногун бо ҳам рақобат карданд ва дар зӯрозмоии асосӣ боксчии тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев бо Ҷабо Шалуташвилӣ аз Гурҷистон мусобиқа орост.
Умед аст, ки бо омадани гурӯҳи мутахассисони нав бокси касбӣ ривоҷу равнақ меёбад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






