Табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Пешвои миллатро дастгирӣ карданд

Январь 23, 2017 12:36

РӮДАКӢ, 23.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати баррасии дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандон ва донишҷӯёну табибон доир гардид.
Дар ин бора масъулини беморхона ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад масъулин бахшида ба эълон гардидани Соли 2017 -соли ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, инчунин баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа сухан гуфтанд.
Адибаи Саидшо, корманди ҷавони беморхона иброз намуд, ки ҷавонони кишвар дар ин соли бисёр пурфайз бояд дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳиду сарҷамъ гардида, сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагии давлат, оромиву суботи сиёсӣ ва иҷтимоии ватани азизамонро нигаҳбон бошанд.

Январь 23, 2017 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд