«Тоҷик Эйр» ба мусофирони хурдсоли худ тахфифҳои 100 ва 50- фоиза пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов зимни нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки дар соли сипаригашта ширкат барои мусофирони то 5- солаи худ тахфифҳои 100 фоиза ва аз 5 то 12- сола тахфифи 50 фоиза пешниҳод намуд.
«Соли гузашта «Тоҷик Эйр» ба беш аз 300 ҳазор мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба соли 2015-ум 12 ҳазору 812 нафар зиёд мебошанд. Сабаби бештар гаштани муҳоҷирон — ин афзоиши ғунҷоиши тиҷоратӣ ба 9,6 фоиз, бандкунии курсиҳо ба 1,1 фоиз ва иҷрои барномаи «Ҳаҷ-2016» мебошад»,-илова намуд Хайрулло Раҳимов.
Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз 2 ҳазору 802 парвози иҷрогардида дермонии иҷрои парвозҳо 23,1 фоизро ташкил дод.
Сабаби дермонии парвозҳоро Хайрулло Раҳимов ба номусоидии вазъи ҳаво, бақайдгирии тӯлонии мусофирону боғоҷ, иҷрои корҳои фурудгоҳию тафтишоти давлатӣ ва ғайра рабт дод.
«Дар ҳолати дермонии парвозҳо кормандони ширкат мусофиронро пештар огоҳ менамоянд. Дар мавриди дер кардани мусофир ба парвози транзитӣ пули чиптаи вай ба он самт 100 фоиз ҷуброн карда мешавад»,-илова намуд директори генералии «Тоҷик Эйр».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






