Ҷумъахон Ғиёсов: Аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 22893 санҷиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли 2016 аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар раванди баргузории маъракаҳо дар маҷмўъ 22893 санҷиш гузаронида шуд. Ин нуктаро Ҷумахон Ғиёсов, муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Маркази матбуоти АМИТ «Ховар» баён дошт.
«Комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли сипаригардида бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмондадиҳии моҳияти Қонуни мазкур ва риояи талаботи он дар соли равон 12886 (аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 398, вилояти Суғд 1983, вилояти Хатлон 3212, ВМКБ 1491 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5802) суҳбату вохўриҳо доир намуданд»,-гуфт мавсуф.













Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






