Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Январь 13, 2017 09:12

ҚӯРҒОНТЕППА, 13.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин вохӯрии интихобкунандагон бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода ва Дилшод Исматуллоев баргузор гардид.
Тавре  аз  шуъбаи  иттилоотӣ- таҳлилии  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ба  хабарнигори  минтақавии  АМИТ  «Ховар»   иттилоъ  доданд, вакилон дар вохӯрӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки Паёми мазкур ифодагари дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии 25 соли замони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад. Паёми Пешвои миллат ҳадафҳои ояндаи ҷомеаамонро муайян сохтааст.
Баъдан вакилон дар хусуси пешниҳодҳои Сарвари давлат, бахусус Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 изҳори андеша карда, барои дар сатҳи намунавӣ гузаронидани соли мазкур ба интихобкунандагони хеш барор хостанд.
Ҳамзамон чанд нафар аз интихобкунандагон ба минбар баромада, дастгирии худро аз  дастуру  супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  баён намуданд.

Январь 13, 2017 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад