Зоир Раҳмонзода: «Ҳамаи самтҳои Паём дар маҷмӯъ марбут ба ҳаёти ҷавононанд»
ВАҲДАТ, 09.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ҷамъомад доир гардид. Дар ин бора масъулини Коллеҷи омор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа директори коллеҷ Зоир Раҳмонзода зикр намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат роҳнамо ва саодатномаи миллати тоҷик буда, ба ҳама самтҳо нигаронида шудааст. Ҳамаи ин самтҳо дар умум марбут ба ҳаёти ҷавонон мебошанд. Паёми Пешвои миллат ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳию худшиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва рӯҳияи озодихоҳии ҷавононро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ватани орому обод ва арзишҳои фарҳангии миллати хеш бирасем.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






