Абдураҳмон Муҳаммад: «Фаттоҳзода ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки роҳҳои пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои муосирро дарёбем»
ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба ростӣ, баъди шиносоӣ бо мақолаи «доғи рӯзи» доктори илмҳои фалсафа, Саидмурод Фаттоҳзода таҳти унвони «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!..» дилхоҳ андешаманд бояд назари худро дошта бошад. Зеро равандҳои нави геополитикии ҷаҳони муосир бо суръати баланди ҷаҳонишавӣ тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифта, дар он раванди бегонашавӣ ва ғофил мондан аз арзишҳои динию миллӣ ба назар мерасад.
С.Фаттоҳзода дар мақолаи мазкур аз ҷонибдории бунёди давлати демократӣ сар карда, то вазифаҳои идеологияи сиёсӣ, андешаҳо дар бораи мусалмонон ва атеистон, ғояи либерализми ғарбӣ, стандартҳои дугона ва талошҳои бемаънии диниву мазҳабиротаҳлили хеле ҷолиби муқоисавии сиёсию фарҳангӣ намудааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҷавоби чунин андешарониҳо дар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоати шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи феврали соли 1997 хеле дақиқу муфассал омадааст: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ, на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд. Мураккаб гардидани алоқаҳои иҷтимоӣ боиси мураккаб гардидани меъёрҳои иҷтимоӣ ва институтҳои ҳокимияти сиёсӣ мегардад».
Дар баробари ин, маълум аст, ки инсоният дар натиҷаи рушди тафаккур ва таҳаввули муносибатҳои ҷамъиятӣ барои идора намудани равандҳои ҷамъиятӣ низоми муайяни қоидаҳои рафторро ба вуҷуд овардааст, ки онҳоро ба ҳокимияти расмӣ мутааллиқ мегардонад. Аммо дуруст дарк накардани чунин низом аз ҷониби як зумра мардуми таассубии оштинопазир сабаби асосии ба вуҷуд омадани моҷаро ва андешаҳои ботил байни диндорону бединон, либералҳою консерваторон ва дину мазҳабҳо гардидааст. Ҳамзамон муаллиф ҳар яке аз онҳоро мушаххасан шарҳу баён додааст, ки арзиши илмию амалӣ доранд.
С. Фаттоҳзода дар мақола ибрози ақида менамояд, ки «мутаассифона, мо бояд иқрор шавем, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо қувваҳое ҷой доранд, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки бар манфиатҳои гурӯҳиашон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша… ба мардум иҷборан таҳмил намоянд». Муаллиф дар ин ҷо се навъи ин гурӯҳҳоро дар ҷомеаи тоҷикон ҷудо намуда, чунин мулоҳизаронӣ дорад, ки ин гурӯҳҳо ба ҷуз андешаву афкори манқуртии худ дигар арзишҳоро билкул эътироф намекунанд.
Дарвоқеъ, масъалаҳои зикрёфта имрӯз на танҳо барои муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ, балки барои тамоми шаҳрвандони кишвар муҳимият ва фазои махсуси таҳлилӣ доранд. Зеро баъди суқути собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як гурӯҳ ҷомеашиносон аз арзишҳои илмии он замон ба куллӣ рӯй гардонида, яке худро диншиносу исломшинос, дигаре демократу сеюмин мухолифи сохти нав эълон намуда, ба зеҳну тафаккури мардумони кишвар таъсири манфӣ расонидаанд. Ҳатто андешаҳои барғалати бархе аз онҳо нисбат ба миллати тоҷик, арзишҳои миллӣ ва марзу буми кишварамон то имрӯз дар баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо ба назар мерасанд.
Албатта, бунёди чунин бегонапарастӣ дар ҳама давру замон барои миллати таҳҷоӣ самараи хубе надодааст ва нафароне, ки дидаю дониста ба миллати хеш хиёнат мекунанд, замоне мерасад, ки ҳастии худро низ инкор мекунанд. Бояд гуфт, ки ин як шакли фиреби сиёсиест, ки дар раванди ташаккули истиқлолияти том барои миллат хеле таассуфовар аст. Ҳамин тавр, таҳлили паҳлӯҳои гуногуни мақола нишон медиҳад, ки бунёди мафкураи бегона дар чунин раванд барои рушди ҷомеаи мо хатарҳои воқеӣ эҷод карда метавонад.
Дар баробари ин, омилҳое, ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ таҳдиду хатари воқеӣ эҷод мекунанд, ин терроризм ва экстремизми сиёсию динӣ мебошанд, ки тавассути вусъат бахшидани ҳамкории худ бо марказҳо, созмонҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ ба проблемаи бузургтарини ҷамъиятию сиёсӣ мубаддал гашта, дар ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонад.
Дарвоқеъ, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин хатару таҳдидҳо дар канор монда наметавонад. Ин зуҳуроти хавфноки ҷаҳонӣ ҳар замон метавонад сабабгори ба амал омадани ҳодисаҳои барои ҷамъият ва давлат хатарноку фалокатбор гардад. Ин аст, ки С.Фаттоҳзода дар мақолаи худ ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки роҳҳои пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои муосирро дарёфт намоем.
Мутаассифона, таассуби динӣ имрӯзҳо дар доираи зиёиён, ҳатто дар байни устодоне, ки дар макотиби миёнаю олӣ аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ таълим медиҳанд, низ роҳ ёфтааст. Ғайр аз ин, мушоҳидаҳои солҳои охир собит менамоянд, ки баъзе ҷавонон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба кишвари Россия сафар намуда, аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба Ватан бармегарданд.
Мутаассифона, ҳамаи ин мавқеъгириҳо ва кӯшишҳои бунёд намудани мафкураи бегона дар вуҷуди миллату дин заминае барои афзудани сатҳи таассубу хурофоти динӣ, зуҳури радикализму экстремизми динӣ муҳайё месозад, ки аз он ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти диниро қудратҳои ҷаҳонӣ дар амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии худ метавонанд васеъ истифода намоянд.
Ҳамин тавр, аз таҳлили мақолаи Саидмурод Фаттоҳзода бармеояд, ки агар дар қиболи таъсири раванди ҷаҳонишавӣ таълими дурусти миллӣ ва тарбияи таҳаммулпазирӣ дар мактабу маориф ва оила дуруст ба роҳ монда шавад, бунёди мафкураи бегона зуҳур намеёбад. Шояд чунин бошад, ки андешаи бегонаи ифротӣ ва ҷаҳонбинии паст ҳамеша ба манфиатҳои муҳими миллӣ хатари воқеӣ меоваранд. Бинобар ин, ҳимояи арзиш ва манфиатҳои миллӣ бояд нақшаи дурнамои давлатӣ дошта, ҷомеашиносон дар тақдири насли оянда — имрӯзу фардо хеле масъулятшинос бошанд.
Мақолаи С.Фаттоҳзода аҳамияти хосса дошта, воқеияти равандҳои имрӯзаро инъикос менамояд.
Абдураҳмон МУҲАММАД,
директори Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ