ҲАЗОРСОЛА РАҲ АСТ АЗ ТУ ТО МУСАЛМОНӢ!… Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?

Февраль 10, 2017 11:56, 787 хонанда
Саидмурод Фаттохзода-2

ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ман дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳоям доир ба оқибатҳои даҳшатбори экстремизм ва терроризм доим изҳори назар менамоям ва бори дигар таъкид месозам, ки ин хатарҳои муосир боиси харобии чандин кишварҳо ва ҳалокати садҳо ҳазор нафар одамон шуда, миллионҳо нафари дигарро беватан, бе манзили зист ва бе ҷою макон кардаанд.

Мубориза ба муқобили ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд.»

 (Эмомалӣ Раҳмон. Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии   Тоҷикистон. Душанбе. 27.01.2017. )

Раванди босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз сарҳади давлатҳоро  убур намуда, ба сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳангҳои миллӣ таъсир мерасонад,  то андозае арзишҳои суннатии онҳоро низ тағйир медиҳад. Геополитикаи муосир барои як силсила кишварҳо агар «геополитикаи бедоршавӣ» (З. Бжезинский) арзёбӣ шавад, барои дигар кишварҳо ба геополитикаи яъсу ноумедӣ табдил ёфтааст. Иттиҳоду ҷиноҳҳои пешинаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ аз байн рафта, ба ҷои онҳо созмонҳои нав арзи вуҷуд намудаанд, ки ногузир ба вазъи геополитикии ҷаҳон таъсир мерасонанд. Мо имрӯз шоҳиди он мешавем, ки сармояи корпоратсияҳои бузург рӯз то рӯз раванди сиёсии ҷаҳонро тахти назорат гирифта, ҳатто бар сиёсати миллии баъзе кишварҳои ҷаҳон тасаллут ёфтаанд. Бояд ба хубӣ дарк кунем, ки Ватани азизи мо низ ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун аз ин ҷараёни фарогир берун буда наметавонад. Вале чун доираи баҳс хеле васеъ ва густурда аст, тасмим гирифтем дар маҳдудаи мақолаи худ танҳо дар мавриди таъсири ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги маънавии миллати соҳибтамаддуни мо ва роҳҳои пешгирии таъсири манфии ин омилҳо суҳбат кунем.

Инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки онро рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии фаромиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик доданд, ба халалдор гардидани фазои иттилоотиву фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расониданд. Имрӯз маҳфумҳои наве, мисли  ҷанги иттилоотӣ ва таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм  дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.

Ҳанӯз дар қарни гузашта ҷомеашиноси канадагӣ Маршал Маклюен гуфта буд: «Қалам рӯз то рӯз пуриқтидортар аз шамшер мешавад ва дере нагузашта сиёҳӣ (ранг), аксҳо ва воситаҳои электронӣ ҷойгузини аскарону танкҳо хоҳанд шуд».

Ҳодисаҳои солҳои охири манотиқи даргири ҷаҳон комилан собит намуданд, ки воқеъан ҳам имрӯз  қалам ҷои шамшерро гирифтааст ва халалдор сохтани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрифи арзишҳои миллӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ омили ҳама гуна низову хушунат гардидаанд.

Барои мо низ хеле муҳим аст, ки роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳанги маънавӣ ва арзишҳои миллии худро пешорӯи ин гуна таҳдидҳо муайян намоем.

Аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеъан ҳам ин ягона роҳ ҳаст, ки метавонад ниёзҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи моро бароварда созад.  Илова бар ин Пешвои муаззами мо дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғ ва эҳёи онҳо шароити мусоидеро фароҳам оварданд. Дар ин замина аз ҷониби Пешвои миллат даҳҳо китобҳо таълиф гардиданд, ки имрӯз ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон, беҳтарин раҳнамо мебошанд.

Яке аз сиёсатмадорон ва ислоҳотталабони охири асри XIX –и рус Пётр Столипин фармуда буд: «Халқе, ки дорои рӯҳия ва худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳад шуд». Имрӯз, ки ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ аз як тараф бо тарғиби арзишҳои либералӣ ва бо баҳонаи интиқоли демократияи усули ғарбӣ, аз дигар тараф бо роҳандози ақоиди радикалии исломӣ мехоҳад арзишҳои таърихӣ, динӣ, миллӣ ва фарҳангии кишварҳои Ховари миёнаро маҳв созад, моро зарур аст, ки пешорӯи ин таҳдидҳо миллати худро таҳти як идеологияи устувор ва созанда муттаҳид намоем. Адиб, риёзидон ва файласуфи шинохтаи фаронса Паскал Блез  ҳанӯз дар қарни XVII гуфта буд: «пешбинӣ кардан-маънии идора карданро дорад». Яъне мо низ агар хоҳем, ки дар ҷомеаи амну ором ва идорашаванда зиндагӣ кунем, бояд ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосирро пешбинӣ карда тавонем, то алайҳи онҳо сипари устувори маънавиро дар ҷомеаи худ мустақар созем.

Агар мо ба таърихи башарият назар андозем, маълум мегардад, ки дар иттиҳоду ҳамраъйии халқу миллатҳои гуногун идеология, бахусус идеологияи сиёсӣ нақши муҳим бозидааст. Коршиносони масоили сиёсӣ вазифаҳои асосии идеологияи сиёсиро, ки ба афкору андешаи ҷомеа таъсирпазиранд, ба тарзи зер шарҳ додаанд:

  1. Тамоюлӣ- идеология субъектҳои сиёсатро ба низоми  арзишҳо ва манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ равона месозад
  2. Басиҷӣ (сафарбаркунанда) – идеология пайравонашро ба фаъолнокии муайяни сиёсӣ талқин менамояд
  3. Муттаҳидкунанда- идеология муқобили манфиатҳои хусусиву майдагуруҳӣ буда, ҳамчун омили ҳамгироии гурӯҳҳои дахлдори иҷтимоӣ баромад мекунад.

Вазифаҳои зикршудаи идеологияи сиёсӣ метавонад дар иттиҳоду ҳамгироии ҷомеаи мо ва аз байн бурдани манфиатҳои гурӯҳиву хусусӣ, ки гоҳҳо аз ҷониби баъзе қувваҳо бар манофеи умумимиллӣ тарҷеҳ дода мешаванд, нақши калидӣ дошта бошад.

Мутаассифона, мо бояд иқрор шавем, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо қувваҳое ҷой доранд, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки бар манфиатҳои гурӯҳиашон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳоншиносии аз эшон фарқкунанда, ба мардум иҷборан таҳмил намоянд. Маърифати сиёсии гурӯҳҳои мазкур хеле маҳдуд буда, дар муносибат бо ҷомеа на аз илму маърифат, балки бештар аз эҳсосот кор мегиранд. Одатан се навъи ин гурӯҳҳо дар ҷомеаи мо ба назар мерасанд:

  1. Ҷонибдорони ақоиде, ки ба исломи радикалӣ қаробати бештаре доранд. Ин гурӯҳҳо муқобили арзишу дастовардҳо, пояҳои ахлоқии ҷомеаи муосир, илму маориф, технологияи пешрафта буда, баробарии ҳуқуқи марду занро дар ҷомеа эътироф намекунанд.
  2. Ҷонибдорони ақоиди атеизми ҷанговар. Ин гурӯҳҳо баръакс дину мазҳабро иллати асосии ақибмонии ҷомеа талаққӣ намуда, муқобили ҳама гуна таълимоти динӣ қарор доранд
  3. Ҷонибдорони сиёсати арзишҳои либералӣ. Тарафдорони ин равия арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оини аҷдодӣ, арзишҳои суннатии оиладорӣ ва сарҳади ахлоқро инкор мекунанд.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар аксарияти кишварҳои пасошӯравӣ барои фаъолияти диниву мазҳабӣ ва озодии эътиқод заминаҳои мусоид фароҳам омад. Вале мутаассифона, дар радифи ин озодиҳо, аз ҷумла, дар кишвари мо гурӯҳи аввале, ки дар боло зикраш рафт, яъне қувваҳои муртакиби арзишҳои иртиҷоии  динӣ низ ҷон гирифтанд ва фаъол гардидани онҳо дар ҳаёти ҷомеа боиси даргириҳои бемантиқ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Тавре дар боло зикр намудем, ин гурӯҳҳо ба ҷуз андешаву афкори манқуртии худ, дигар арзишҳоро билкул эътироф намекунанд. Илму дониш, маърифат барои онҳо бегона буда, барномаи фаъолияташон низ бар нақлу ривоёти мазҳабӣ маҳдуд шудааст ва мехоҳанд аз ин зовия барномасозӣ кунанд.

Чанде қабл дар яке аз мулоқотҳо аз Далай-ламаи XIV, пешвои рӯҳонии буддоиёни Тибет, вобаста ба қазияи Шарқи наздик суол карданд, ки дар бораи мусалмонон чӣ андеша дорад. Далай-лама дар посух гуфт:  «Агар манзури Шумо ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои радикалӣ бошад, онҳо мусалмон нестанд, балки душмани исломанд. Ман дар маҳаллаи мусалмоннишин бузург шудаам ва аз таълимоти ислом низ то андозае огоҳам. Мусалмонони оддӣ мардуми таҳаммулпазир, меҳрубон ва аз ҷангу хушунат безоранд».  Тасаввур кунед агар чунин суол дар бораи таълимоти буддоӣ ба яке аз рӯҳониёни мо ирсол мешуд? Бегумон буддоиҳо мардуми такфирӣ, бедин ва душмани Худо муаррифӣ мешуданд. Чунки дар тафовут аз Далай-лама аксарияти рӯҳониёни мо  на танҳо  китобҳои муқаддаси дину мазоҳиби дигарро ба даст нагирифтаанд, ҳатто аз илму фарҳанги тамаддунофари миллати худ огоҳ нестанд.

Имрӯз мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мешавем, ки теъдоде аз гурӯҳҳои мазкур дар амри маъруфашон ҳатто ибтикори неку маъсум ва истеъдоди худододи тилфаконеро, ки расм мекашанд, суруд мехонанд, мусиқӣ менавозанд, куфр эълон мекунанд ва ё гурӯҳи дигаре аз сафи атеистони ҷанговар,  эҷодиёти ниёгони бузурги моро, мисли Фаридуддини Аттору Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки бо офаридаҳои худ дар тамаддуни башарият саҳми назаррас гузоштаанд, мазаммат менамоянд. Оё ин идеологияҳои оштинопазир мағзҳои аз таассуб, яъне фанатизм заҳролудшуда метавонанд миллати моро муттаҳид созанд ва ба роҳи рост ҳидоят намоянд? Ба гумон…

Идеяи либерализми ғарбӣ солҳои охир имкон дод, ки теъдоди чунин гурӯҳҳои мутаассиб, бахусус моил ба таълимоти исломи радикалӣ дар кишварҳои Аврупо афзоиш ёбад. Дар натиҷа гурӯҳҳои мазкур аз ин фазои мусоид суиистифода намуда, нуфузи бештаре пайдо карданд ва билохира ба принсипҳои бунёдии ҷомеаи Аврупо таҳдид намуданд. Имрӯз аврупоиҳо алайҳи чунин ҳаракатҳои динии радикалӣ муборизаи шадид мебаранд, вале мояи ҳайрат ин аст, ки маҳдуд кардани фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳо дар кишвари мо то ҳанӯз дар доираҳои сиёсии кишварҳои ғарб ҳамчун нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон талаққӣ мешавад.

Ин муносибати стандартҳои дугона моро талқин менамояд, ки ба хотири оромии фазои сиёсии кишвар ва якпорчагии марзу буми худ роҳи рушди худро интихоб намоем, ки ба идеалогияи сиёсии давлат, арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва маънавии мо такя хоҳад кард. Дар ин росто саҳми идеологияи ягонаи миллӣ хеле муҳим буда, дар бунёди давлати мо нақши калидӣ дорад.

Олами ғарб имрӯз худро муқобили ҳама гуна равишҳои идеологии миллӣ ва ҷонибдори арзишҳои либералӣ муаррифи намуда, аз дигар кишварҳои ҷаҳон низ тақозо менамояд, ки ин арзишҳоро эътироф намоянд. Вале тасаввур намоед, оё мо метавонем нисбат ва масъалаҳое, мисли ҳамҷинсгароӣ дар ҷомеаи худ таҳаммулпазир бошем ва ё баръакс баъд аз муборизаҳои тӯлонӣ боз ба таассуби асримиёнагӣ, ки ҷаҳолат бар илм ғолиб буд, баргардем. Гумон мекунам, ҳаргиз не!

Аврупое, ки имрӯз бо арзишҳои либералии худ ифтихор дорад ва таърихи демократияи худро бо мизони садсолаҳо андоза мекунад, ба ин демократия ва озодии мояи ифтихораш тавассути муқобилияти шадид бо таассуби динӣ, ки ба унвони католитсизми радикалӣ ва хунбор шӯҳрат дошт, расидааст. Таърихи башарият инквизитсияи калисои католикиро, ки бо баҳонаи юриш алайҳи «дини поки масеҳӣ» садҳо ҳазор мардуми озодандешро бо даҳшатангезтарин васила эъдом кард ва ҳазорон рисолаҳои илмиву кашфиёти нодирро ба  коми оташи ҷаҳолат афканд, ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Дар қуруни вусто, дар кишварҳои Аврупо давлат, маориф, тиб, фарҳанг зери назорати рӯҳониёни мазҳаби католикӣ қарор доштанд. Тамоми кишварҳои Аврупо аз ҷониби Ватикан ва Папаи Рим идора мешуданд. Танҳо баъд аз муборизаҳои чандасраи тӯлонӣ, баъд аз   даврони эҳё (эпоха возрождения), ки ба унвони идеяи ренессанс шуҳрат дошт, мардуми Аврупо имкон пайдо намуданд, то аз асорати мазҳабии асримиёнагӣ раҳоӣ ёбанд ва давлат, илму маориф, фарҳангро аз чанголи дин наҷот бахшанд.

Ба тарҳи Аврупои имрӯза, ки орӣ аз таассубу радикализм аст, Петрарка ва Бокаччо — асосгузорони ҷаҳонбинии нав, Мор ва Кампанелла – поягузорони коммунизми утопиявӣ, Мирандола ва Алберти- таблиғгарони шаъну манзалати инсонӣ, Эразм Ротердамский, Макиавеллӣ, Коперник- мубаллиғони арзишҳои башардӯстона замина гузоштаанд. Давраи «эҳё» дар Аврупо ба шарофати осори арзишманди ин нобиғаҳои раҳнамо, ки дар эҷодиёти худ «инсон»-ро фарози ҳамаи дигар арзишҳо гузоштанд, фаро расид. Ин як насими рӯҳбахше буд, ки бо нафаси тозаи худ санъат, илм ва фалсафаи дар асорати дин қарор доштаро умри дубора бахшид ва ба хизмати «инсон» вогузошт.

Пас  имрӯз олами шарқро низ, ки бо чеҳраи нави католитсизми таассубӣ, яъне радикализми исломӣ дучор шудааст, метавонад танҳо илм, маориф, технология , ҳунар ва санъати асил наҷот бахшад. Вале афсӯс, ки садои петраркаву коперникҳои шарқӣ, ки рисолаташон раҳнамоии мардум бо нури илм ва маърифат аст, ба гӯш намерасад. Гузашта аз ин ҷаҳони ғарб, ки худ бо ҷонбозиҳои зиёд аз асорати таассубу радикализми динӣ раҳо ёфтааст, баръакс имрӯз ҳамин неруҳои мутаассиб ва радикалиро дар кишварҳои мусалмонӣ таҳрик медиҳад, ки мояи ҳайрат аст.

Чанде қабл дар як суҳбат муҳаққиқи чиние сабаби то ҳанӯз аз ҷониби ягон кишвар мавриди шикаст ва тасаллут қарор нагирифтани кишварашро чунин шарҳ дод: «Мардуми Чин ҳам пайрави таълимоти атеистӣ ва ҳам муътақиди дину мазҳаби гуногунанд. Вале мо то ба ҳадде таҳаммулпазирем, ки аз тамоми дину мазоҳиби суннатии чинӣ, чӣ Буддоӣ, чӣ Даосизм ва чӣ Конфусианӣ беҳтарин арзишҳоро қабул кардем. Рӯҳи шикастнопазири мардуми чинӣ низ  вобаста ба таълимоти ин адён аст, ки яке ҷасорату таваккалро талқин менамояд, дигаре сабру таҳаммул ва сеюмӣ илму андешаро. Яъне дар муборизаҳои худ, гоҳо аз ҷасорату таваккал кор гирифтем, ҷои дигар сабру таҳаммулро пеша кардем ва фурсате расид, ки бар илму андеша такя кардем»

Вале бубинед, дар олами Ислом бо вуҷуди пайраву муътақиди як дин будан, тафриқаву низоъ то ба ҷое кашидааст, ки муъмин бар сари муъмин бо иттиҳоми муртаду такфирӣ будан теғ мекашад.

Имрӯз дар баъзе кишварҳои Шарқи наздик пояи ин ҷаҳолат то ба ҳадде нуфуз кардааст, ки ҳатто дар асри миёна олами ислом аз ин таассуб фарсахҳо дур буд. Вагарна ин «ДИИШ», «Ихвон-ул-муслимин», «Ҷабҳат-ан-нусра»-ву «Ал-Қоида»-ҳо имкон медоданд, ки нобиғагоне мисли Ал-Хоразмӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Закариёи Розӣ ва Ибн-ал-Ҳайсам, ки ба рушди илми муосир замина гузоштаанд, озод нафас кашанд? Ба гумон…

Агар мо назаре ба адабиёти асили ниёгон афканем, ба дурустӣ дарк хоҳем кард, ки бузургони мо низ дар баробари файласуфони олами ғарб ва шояд пештар аз онҳо  ҳақиқат, имон, виҷдон ва билохира инсонро фарози ҳама гуна баҳсҳои бемантиқи диниву мазҳабӣ мегузоштанд, ки имрӯз мутаассифона, ҷаҳони ислом дар ин мурдоб муғриқ аст. Чунки ҳадаф аз ин талошҳои бемаънии шайхҳову охундҳову муллоҳо дар ҳар замон ба ҷуз аз низову нифоқ андохтан миёни мардум ва бад-ин минвол соҳиби ҷоҳу мол шудан набудааст.

Яке аз шоирони шӯрида ва орифони шефтаи адаби форсӣ Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки мусалмону габру  яҳуд бузургии ӯро эътироф мекарданду ба таълимоташ иродат доштанд,  ҳанӯз дар қарни XIII фармуда буд:

Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ!

Мавлоно Ҷалолуддин дар байти мазкур  мартабаи «инсон»-ро болотар аз мансубияти динӣ мегузорад. Яъне то мусалмон шудани ту ҳазорсола раҳ бошад, барои инсони комил шудан бояд ҳазор соли дигар талош кунӣ.

Ҳаким Саноии Ғазнавӣ аз бедодгариҳои аҳли зӯҳд ва тақвои замони худ, ки ба зоҳир мусалмону дар асл бедину имон буданд, шикоят мекард:

Мусулмонон, мусулмонон, мусулмонӣ, мусулмонӣ,
Аз ин оини бединон пушаймонӣ, пушаймонӣ.
Мусулмонӣ кунун исмест бар урфеву одоте,
Дареғо, ку мусулмонӣ, дареғо, ку мусулмонӣ?
Лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз алайҳи ҳама гуна хушунату низоъҳои мазҳабӣ эътироз намуда, байни иродатмандони адёни мухталиф фарқ намегузошт:

Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст.
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.

Ва ҳамин маъниро ҳанӯз ду қарн қабл аз Хоҷа Ҳофиз , Аттори Нишопурӣ хеле бо лаҳни латиф адо карда буд:

Соликонро бин ба даргоҳ омада,
Ҷумла пушто пушту ҳамроҳ омада.

Ҳаст бар ҳар зарра даргоҳи дигар,
Пас зи ҳар зарра бад-ӯ роҳи дигар.

Ту чӣ донӣ бо кадомин раҳ равӣ,
Бо кадомин раҳ бад-он даргаҳ равӣ?

Ин чанд мисоле, ки аз осори бузургон овардем, оё низову тафриқаангезии адёну мазҳабро мазаммат намекунанд ва ё баръакс аз тарғиби таҳаммулпазириву афзалият доштани арзишҳои дунявӣ дарак намедиҳанд?

Дар асъори миллии ИМА- доллар навишта шудааст: «Мо ба Худо бовар дорем» (In God We Trust).  Навиштаҷоти мазкур беҳуда нест. 96% мардуми ИМА ба дину мазоҳиби мухталиф эътиқод дошта, танҳо 4% онҳо худро атеист мешуморанд. Вале бубинед, ки амрикоиҳо дар ҷомеаи худ ба ягон дин ва ё мазҳаб бартарият намедиҳанд ва ба эътиқоду ақоиди якдигар хеле таҳаммулпазиранд. Магар ин сири пешравӣ  ва тараққиёти бемисли ИМА нест, ки бо низоми дунявии худ ба яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ бузургтарини ҷаҳон табдил ёфтааст?

Файласуфи маъруфи ҳиндӣ Ошо (Чандра Моҳан Ҷейн) мегӯяд: «Барои бозгашт ба гузашта ва замина гузоштан ба оғози  дуруст дер шудааст, вале барои қадами устувор гузоштан ба оянда ва замина гузоштан ба фарҷоми дуруст ҳанӯз дер нест». Мо бояд таърихи худ, гузаштаи худро фаромӯш накунем, аз он ифтихор намоем, вале бояд бо дарназардошти воқеияти имрӯза, фардои худро бисозем.

Ҳамин гуна як идеологияи фарогири сиёсӣ, ки омили муттаҳидкунанда ва ҳамгироии миллати мост, дар тамоми суханрониҳои сиёсии Роҳбари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан ба назар мерасад ва зарурат ба ихтироъ ва таҷдиди он нест. Яъне, мо бояд аз илму технологияи инноватсионии муосир бархӯрдор бошем, насли ҷавонро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, омӯзиши забон ва фарҳанги миллатҳои мутараққии ҷаҳон тарбия кунем ва дар айни замон ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳанги маънавии худ арҷ гузорем. Ба нуфузи гурӯҳҳои ифротие, ки мехоҳанд танҳо аз зовияи мафкураи тангу маҳдуди худ ҷомеасозӣ кунанд, роҳ надиҳем.

Тавре ки дар оғози мақола зикр намудем, башарият танҳо дар натиҷаи муборизаҳои тӯлонӣ муваффақ шудааст, ки завлонаи ҷаҳолату таассубро бишканад ва аз асорати он раҳоӣ ёбад.  Чанд иқтибосе, ки дар матлаби худ аз осори гаронмояи бузургони ҷаҳон овардем, далели муборизаи оштинопазири илму маърифат бо таасубу ҷаҳолат аст, ки дарозои қарнҳо идома ёфтааст. Дар ин муборизаи шадид, замоне, ки илму маърифат бар ҷаҳлу таассуб  ғолиб омадааст, давлатҳо ва миллатҳо рушд кардаанд, вале ҷое ки ҷаҳолату таассуб ҳумфармо будааст, фитнаву ошӯб бархостааст.

Вақте ки дар ҷомеа пайравони як дин, як мазҳаб ва ё як ҷараён мехостанд ҳокимияти мутлақро соҳиб шаванд, ҳамеша ба муқобилияти шадиди мардуме, ки андешаву афкори дигар доранд, дучор мешуданд. Ин амал ногузир боиси ташаннуҷи авзои ҷомеа мегардид, ки мисоли равшани он имрӯз дар кишварҳои Шарқи наздик ба мушоҳида мерасад.

Пас дар шароити мо ягона роҳи дуруст, ки метавонад оромиву амнияти ҷомеаро таъмин намояд,  ин таҳкими пояҳои давлатдории дунявист, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ  дода намешавад. Танҳо дар низоми дунявӣ баробарии дину мазҳабҳо ва ё дигар ҷараёнҳо таъмин гардида, шаҳрвандон дар интихоби худ озоданд ва дар ҳоли таҳдид накардан ба амнияти давлатӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, давлат онҳоро зери ҳимояи худ қарор медиҳад.

 

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,
Муовини якуми Раиси ҲХДТ

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Саидмурод Фаттоҳзода соли 1958 таваллуд шуда, соли 1981 Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи ҷамъиятии шаҳри Минскро бо ихтисосҳои «журналист» ва «сиёсатшинос» хатм намудааст.

Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ. Дар мавзӯи «Моҷароҳои иҷтимоию сиёсӣ ва хусусияти онҳо дар шароити таҳаввулоти ҷомеа(дар мисоли Тоҷикистон) рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба сифати мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») шуруъ карда, баъди адои хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон ба сифати машваратчии маркази матбуоти КМ ҲК Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчӣ ва мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  адои вазифа намудааст.

Моҳи декабри соли 2014 муовини якуми Раиси Ҳизби Ҳалқӣ-Демократии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Бо ордени «Красная звезда», медали «Древо дружбы», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии собиқ СССР ва унвони ифтихории «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сарфароз гардонида шудааст.

 

Февраль 10, 2017 11:56, 787 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Иброхим Ахмадов МиграцияМанъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бекор карда мешавад
Хаво 7Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои офтобӣ дар назар дошта шудааст
Бори аввал дар ДушанбеБори аввал дар Душанбе Шоу-барномаи лазерии видео-мэппинг баргузор гардид
boronИмрӯз дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст
Хафт син-6ҲАФТ МЕВА, ҲАФТ САЛОМ, ҲАФТ ШИН, ҲАФТ СИН, ҲАФТ СИНӢ, ҲАФТ АМШОСПАНДОН
Ф. БаротзодаНАВРӮЗИ ХУСРАВОНИИ ТОҶИКОН (Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор)
Вода22 март- Рўзи байналмилалии захираҳои об:ҳамкорӣ дар соҳаи об тақозои замон аст
Навруз ИранНАВРӮЗ КУҲАНТАРИН ОЙИНИ МИЛЛӢ ДАР ҶАҲОН АСТ!
Рузи шеър-0021 март – Рӯзи байналмилалии назм: шеър оинаи фазилати миллати мост
Навруз ИранНАВРӮЗ – САРИ СОЛ: шояд вақте фаро мерасад, ки дар тамоми дунё Соли навро дар оғози баҳор таҷлил мекунанд
Президент ПоэтыКамол Насрулло: «Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён падидаи нодиру бесобиқа аст»
Борони Навруз«Борону ҳавои Ватанам наврӯзӣ…». Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст