Ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Остона
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остона 15-16 феврали соли 2017 ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии мазкур ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва ҷониби Қазоқистонро муовини Вазири энергетика Магауов Асет Маратович роҳбарӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доштанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, об ва энергетика, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Комиссия ба тамоми мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори тарафҳо тавсия дод, ки тадбирҳои заруриро барои тақвият бахшидани ҳамкории мутақобила ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои афзун намудани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Аз натиҷаи кори ҷаласа Протоколи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Қаҳҳорзода бо Вазири сармоягузорӣ ва рушди Ҷумҳурии Қазоқистон Ж.Касимбек доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, инчунин афзоиши иқтидори ҳамкории самаранок, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд.








Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






