Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар Ваҳдат
ВАҲДАТ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбарияти муассиса ва зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора масъулини коллеҷ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ҷавононро зарур аст ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Инчунин ба ҷавонон таъкид гардид, ки имсол Президенти кишвар саҳми ҷавононро дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ба назар гирифта, соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карданд. Ҷавонон бояд ба ин дастгириҳои Сарвари давлат доимо ҷавобгӯ бошанд ва ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд.
Ҷавонон бояд аз ватану миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи онҳо омодагиро аз даст надиҳанд.








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






