Қарор «Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» қарор қабул кард. Мутобиқи он шароити нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо муайян ва масъулияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин соҳа муқаррар шуданд.
Тибқи қарори мазкур нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо мутобиқ ба меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ, санитарию гигиенӣ, меъморию шаҳрсозӣ, сӯхторнишонӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Қабристонҳо бояд ҳар рӯз барои зиёрат ва дафн кушода бошанд.
Дар ҳудуди қабристон вайрон намудани қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳозир шудан дар ҳолати мастӣ, шикастан ва нобуд сохтани санги мазор ва ниҳолу дарахтҳо, сӯзонидани растаниҳои хушк ва дигар мавод, чаронидани чорво манъ мебошад.
Назорати иҷрои Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Барои риоя накардани тартиб шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Тафсилоти бештари Тартиби мазкур дар зер оварда мешавад:
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
« 25 » январи соли 2017
№ 33 тасдиқ шудааст
Тартиби
нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Тартиби мазкур шароити нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳоро муайян намуда, масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд.
- Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо оид ба нигоҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросимҳои мардумии миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
- Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо мутобиқ ба меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ, санитарию гигиенӣ, меъморию шаҳрсозӣ, сўхторнишонӣ ва дигарҳо ба роҳ монда мешавад.
- НИГОҲДОРИИ ҚАБРИСТОНҲО
- Қабристонҳо – қитъаҳои замине, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, барои ҷойгир намудани қабрҳо ва дигар биною иншооти барои дафн таъйиншуда пешбинӣ шудаанд.
- Фаъолияти бевосита оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба амал бароварда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот надоранд, нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо бевосита аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
- Нигоҳдорӣ, ободонӣ ва таъмири қабристонҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, буҷети шаҳрак ва деҳот, маблағҳои хайрия ва дигар маблағҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба амал бароварда мешавад.
- Қабристонҳо бояд ҳар рўз барои зиёрат ва дафн кушода бошанд.
- Дар ҳудуди қабристон вайрон намудани қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳозир шудан дар ҳолати мастӣ, шикастан ва нобуд сохтани санги мазор ва ниҳолу дарахтҳо, сўхтани растаниҳои хушк ва дигар мавод, чаронидани чорво манъ мебошад.
- Аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд китоби бақайдгирии дафн ва санги мазор, инчунин бастаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ташкил карда шавад. Ҳуҷҷатҳои барои дафн зарурӣ бояд тибқи тартиби муқарраршуда дўхта ва ҳифз карда шаванд.
- Мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот:
— дар ҳудуди қабристонҳо тартиботро ҷорӣ намуда, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкурро таъмин менамояд;
— имконияти дар ҳудуди қабристонҳо озодона ҳаракат намуданро тавассути роҳҳо ва гузаргоҳҳои он фароҳам меорад;
— тоза нигоҳ доштани ҳудуди қабристонҳо ва сари вақт буридани ниҳолу дарахтҳои хушкшударо ташкил менамояд;
— таъмири ҷории девору панҷараҳои марзии қабристонҳо, роҳҳою гузаргоҳҳо ва дигар биною иншооти барои дафн таъйиншударо амалӣ менамояд;
— кабудизоркунӣ ва нигоҳубини растанию дарахтони ороиширо анҷом медиҳад;
— тибқи дархости шаҳрвандон аз ҳудуди қабристон қитъаи муайяни заминро барои қабр ройгон пешниҳод менамояд;
— гузоштани санги мазорро мувофиқа мекунад;
— ташкил ва пешбурди китоби бақайдгирии дафн ва санги мазорро амалӣ менамояд;
— иҷрои дигар корҳоро баҳри нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо тибқи тартиби муқарраршуда таъмин менамояд;
- Шаҳрвандоне, ки аз хизматрасонии қабристон истифода мебаранд, ҳуқуқ доранд:
— барои дафн мутобиқи эътиқоди динӣ аз ҳудуди қабристон қитъаи муайяни заминро ройгон дастрас намоянд;
— дафнро бо риояи расму оини динӣ ва анъанаҳои маҳаллӣ, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳою стандартҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ мухолиф намебошанд, анҷом диҳанд;
— аз хизматрасонии муздноки қабркан ва мурдашўй истифода намоянд;
— дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузоштани санги мазорро ба роҳ монанд;
-дигар ҳуқуқҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ намоянд.
- ТАШКИЛИ ҲУДУДИ ҚАБРИСТОНҲО
- Ҳудуди қабристонҳо тибқи меъёрҳо ва стандартҳои меъморию шаҳрсозӣ муқаррар карда шавад.
- Дар ташкили ҳудуди қабристонҳо тибқи нақшаи онҳо анъанаҳои миллии меъморию шаҳрсозӣ ва расму оинҳои динии маҳаллӣ ба инобат гирифта мешаванд.
- Дар ҳудуди қабристонҳо ниҳолу дарахтҳо шинонда, кабудизоркунии он ташкил карда мешавад. Ниҳолу дарахтҳо тибқи қоидаҳои боғдорӣ шинонида мешаванд.
- Минтақаи барои қабрҳо пешбинишудаи ҳудуди қабристонҳо бояд ба бахшҳои дорои қаторҳои муайян ҷудо карда шавад. Бахшҳои ҳудуди қабристонҳо бо роҳҳою гузаргоҳҳо иҳота карда мешаванд. Андозаи тахминии бахшҳои ҳудуди қабристонҳо мумкин аст 30 метр ба 40 метр ё 30 метр ба 60 метр ё дигар андозаи мувофиқ бо пешбинӣ намудани қитъаи замин барои аз 200 то 300 қабр муқаррар карда шаванд. Рақамгузории умумии бахшҳои ҳудуди қабристон мувофиқи нақшаи қабристон муайян карда шуда, дар даромадгоҳи асосии бахши муайян дарҷ карда мешавад. Бо дарназардошти гуногун будани заминҳои қабристонҳо бахшҳои он мумкин аст росткунҷа ва ё дорои шакли номуайян бошанд. Дар роҳҳои асосии иҳотакунандаи бахшҳо ниҳолу дарахтҳо чунон шинонида мешаванд, ки ба интиқоли тобут аз даромадгоҳи қабристон то ба қабр монеа эҷод накунад.
- Даромадгоҳ ва баромадгоҳи қабристон бо назардошти кӯтоҳ кардани роҳ ба бахшҳои ҳудуди он муайян карда мешавад. Дар қабристонҳои калон мумкин аст якчанд даромадгоҳ ва баромадгоҳ муқаррар карда шавад, ки яке аз онҳо ҳамчун асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар назди даромадгоҳи қабристон майдончаҳо барои ҷамъшавӣ ва интизории хешовандони марҳум ва ё дигар шахсони масъули дафн, инчунин майдончаҳо барои воситаҳои нақлиёт пешбинӣ карда мешаванд.
- Дар даромадгоҳи асосии қабристон аз тарафи дарун инҳо бояд мавҷуд бошанд:
— нақшаи қабристон бо ишораи макони ҷойгиршавии бахшҳои қабристон, роҳҳо, гузаргоҳҳо, боғҳо, мақбараҳои таърихӣ, ҳоҷатхонаҳои умумӣ ва биною иншооти барои дафн таъйиншуда;
— лавҳа бо дарҷи қоидаҳои зиёрати қабрҳо, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
— маълумот дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо ишораи суроға ва маълумоти дигар барои тамос.
- Барои бино ва иншооти барои дафн таъйиншуда даромадгоҳи алоҳида муқаррар карда мешавад. Чунин биною иншоот аз минтақаҳои барои қабр пешбинишуда бо панҷара ва ё растанию дарахтони ороишӣ бояд ҷудо карда шаванд.
- Тамоми ҳудуди берунии қабристон бо девор ё панҷара иҳота карда мешавад.
- Вобаста ба андозаи ҳудуди қабристон дар он метавонад чунин бино ва иншооти барои дафн таъйиншуда ҷойгир карда шаванд:
- анбори нигоҳдории лавозимоти барои дафн таъйиншуда;
- хоҷатхонаҳои умумӣ;
- дигар иншооти барои дафн таъйиншуда.
- ИСТИФОДАБАРИИ ҚАБРИСТОНҲО
- Дафн танҳо дар қабристонҳои амалкунанда бо ҷудо намудани китъаи муайяни замин барои қабр амалӣ карда мешавад. Дар сурати ба бахшҳою қаторҳо ҷудо намудани ҳудуди қабристон, қитъаи муайяни замин барои кабр аз ҳамин бахшҳою қаторҳо бо риояи тартиби муқарраршуда мутобиқи нақшаи қабристон муайян карда мешавад.
- Дафни ҳар як марҳум дар қабри алоҳида ба амал бароварда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани шароит, бо дархости хешовандон дафн дар қабре анҷом дода мешавад, ки дар наздикиаш қабри аъзои оилаи марҳум ва ё дигар хешовандони наздики ӯ қарор дорад. Масофаи байни қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар карда мешавад.
- Аз ҳудуди қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо карда мешавад. Ҳангоми дафни кӯдак андозаи қитъаи замин барои қабр мумкин аст мутаносибан кам карда шавад.
- Тарзи кофтани қабр ва чуқурии он аз ҷониби хешовандони марҳум ва ё дигар шахсони масъули дафн мутобиқи анъана, расму оин ва эътиқоди динии онҳо ва бо риояи меъёрҳою стандартҳои санитарию гигиенӣ муқаррар карда мешавад.
- Дар сурати мавҷуд будани шароит қабрҳои шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, дар бахшҳои ҷудогонаи қабристонҳо ҷойгир карда мешаванд.
- ГУЗОШТАН ВА НИГОҲДОРИИ САНГИ МАЗОР
- Баъд аз дафн дар болои қабр мумкин аст санги мазор дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузошта шавад.
- Гузоштан ва нигоҳдории санги мазор аз тарафи хешовандони марҳум ва ё дигар шахсони масъули дафн ба амал бароварда мешавад.
- Андозаи санги мазори уфуқӣ бояд на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0, 5 метр баландӣ бошад. Андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ бошад. Санги мазор баъд аз мустаҳкам кардани замини болои қабр гузошта мешавад. Атрофи қабрро ба андозаи замини барои қабр ҷудошуда бо панҷара ё растаниҳои ороишӣ иҳота намудан мумкин аст. Гузоштани санги мазоре, ки аз меъёрҳои пешбинишудаи Тартиби мазкур берун мебарояд, манъ мебошад.
- Андоза ва тарзи ҷойгиршавии санги мазор пешакӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқа карда мешавад.
- Гузоштани санги мазор аз тарафи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар китоби бақайдгирии дафн ва санги мазор бо ишораи бахш, қатор ва рақами қабр, насаб, ном ва номи падари марҳум, санаи гузоштан ва тавсифи мухтасари мазмуни матни он, инчунин маълумоти тамосгирандаи шахсони масъули дафн ба қайд гирифта мешавад.
- Бунёди мақбараҳои таърихӣ ва ё дигар иншооти дорои шаклҳои махсуси муҳандисӣ дар болои қабр танҳо дар сурати мавҷудияти лоиҳаи сохтмонию меъмории онҳо, ки бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мувофиқа шудаанд, иҷозат дода мешавад.
- Бунёд, нигоҳдорӣ ва ҳифзи санги мазори шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки ба номутобиқатии мазмуни матни санги мазор бо талаботи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътиқоди динии мардуми маҳал роҳ надиҳанд.
6.ТАЪСИС, МАҲКАМКУНӢ ВА КӮЧОНИДАНИ ҚАБРИСТОНҲО
- Таъсиси қабристонҳои нав ва кӯчонидани қабристонҳои мавҷуда дар асоси хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ бо назардошти пешниҳоди мақомоти худидоракунии шаҳру деҳот ва иттиҳодияҳои динӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Қабристонҳои нав аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд.
- Таъсис додани қабристонҳо пас аз ҳалли масъалаи мутобиқатии қитъаи замини барои қабристон муайяншуда ба меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ, санитарию гигиенӣ, меъморию шаҳрсозӣ, сӯхторнишонӣ ва дигарҳо иҷозат дода мешавад.
- Омодагии қабристон барои кушодашавӣ бо санади комиссияи давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад, ба расмият дароварда мешавад.
- Қабристонҳо мумкин аст дар ҳолати таҳдид намудани хатарҳои обхезӣ, ярч ва дигар офатҳои табиӣ тибқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҷои дигар кӯчонида шаванд. Дар ҳолатҳои мазкур қабристон маҳкам карда мешавад.
- Маҳкамкунии қабристонҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баъд аз бо тартиби муқарраршуда ҷудо намудани қитъаи замин барои қабристони нав ба амал бароварда мешавад, агар дар чунин маҳалли истиқоматӣ қабристони дигари амалкунандаи ба эътиқоди динии мардуми маҳал мутобиқ мавҷуд набошад.
- Баъд аз маҳкам карда шудани қабристонҳо қабати замин, санги мазор, роҳҳою гузаргоҳҳо, ниҳолу дарахтҳо, девор, панҷараҳо, бино ва иншооти барои дафн таъйиншуда дар ҳолати коршоям ва дахлнопазирӣ қарор дода мешаванд.
- Дар қабристонҳои маҳкамшуда дафн, аз ҷумла гӯронидан манъ аст.
- Аз нав гӯронидан бояд бо риояи қатъии қоидаҳо ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ анҷом дода шавад.
- Истифодаи ҳудуди қабристонҳое, ки тибқи тартиби муқарраршуда маҳкам карда шудаанд, баъд аз чил сол аз рӯзи маҳкамкунии онҳо иҷозат дода мешавад.
- Қарор дар бораи маҳкам кардани қабристонҳо сари вақт дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ нашр карда мешавад.
- МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Назорати иҷрои Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад.
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.