МегаФон Тоҷикистон: «Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон соҳиби Шоҳҷоизаи иқдоми «МегаМиллион» гардид»
ДУШАНБЕ, 28.10.2025./АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» оид ба анҷоми бомуваффақияти иқдоми бомиқёси «МегаМиллион» хабар дода, натиҷаҳои даври ниҳоии бозии бурднокро эълон менамояд. Шоҳҷоиза — 1 000 000 сомонӣ насиби Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон шуд. Ба ғайр аз ҷоизаи пулӣ дар байни ғолибони ниҳоӣ гаҷетҳои арзишманд, аз ҷумла iPhone 16 Pro, MacBook Air 15 ва PlayStation 5 Slim низ бурд карда шуданд.
Иқдоми МегаМиллион ба ҳар як муштарӣ имкон дод, ки бо харидани ID-рамзи нодир бо маблағи ҳамагӣ 3 сомонӣ иштирок намояд. Даври ниҳоии бозии бурднок, ки 22 октябр баргузор шуд, дар шабакаи телевизионии «Сафина» ва дар саҳифаи расмии ширкат дар Instagram ба таври мустақим пахш шуд ва дар саросари ҷумҳурӣ тамошобинони зиёдеро ҷалб намуд. Ғолибон тариқи лототрон, ки ID-рамзҳои нодирро ба таври тасодуфӣ интихоб мекард, муайян карда шуданд.
«То он даме, ки номи худро дар эфир нашунидам, бовар намекардам! Ин як бахту иқболи бузург барои аҳли оилаам аст. Ташаккур ба МегаФон Тоҷикистон барои чунин имконияти бебаҳо», — аз таассуроти худ иброз дошт Насиба Кенжаева.
Пахши мустақими даври ниҳоӣ бо фазои идона фаро гирифта шуда, тамошобинон ғолибонро фаъолона табрик намуданд ва таассуроти худро иброз доштанд. Чунин вазъият чорабиниро воқеан барҷаста ва хо тирмон гардонид.
«Ман танҳо барои дилхушӣ иштирок кардам, ҳоло бошад, дар даст iPhone 16 Pro дорам! Тасвиркунии чунин эҳсосотро ғайриимкон аст. Ташаккур барои имконият ва неруи мусбат», — изҳор дошт Ҳусейнҷон Салимзода, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
Дар марҳилаи миёнаи иқдоми «МегаМиллион» муштариён аллакай соҳиби туҳфаҳои арзишманд, аз қабили телевизор, смартфон, гӯшмонакҳо, соатҳои доно ва аккумуляторҳои берунӣ (powerbank) шуда буданд. Дар баробари ин, ҳар як иштирокчӣ, ки ID-рамзи нодирро ба даст оварда буд, туҳфаи кафолатдодашуда: 100 МБ трафики интернетро ба даст овард.
«Дидани чеҳраҳои шоду хурсанди муштариёни мо бебаҳост. Иқдоми «МегаМиллион» даҳҳо ҳазор одамонро дар саросари мамлакат муттаҳид намуда, эҳсосоти бепоёни гуворо ҳадя намуд. Чунин лаҳзаҳо дар хотираҳо муддатҳои тӯлонӣ боқӣ мемонанд ва шаҳодатгари беҳтарини он ҳастанд, ки мо барои муштариёни худ кор мекунем»,- иброз намуд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Илдар Салихов.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






