Ҷавонон-ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли ҷавонон дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Деваштич маҳфили «Кадбону» зери унвони «Ҷавонон-ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол» бо ташаббуси бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дар якҷоягӣ бо шуъбаи маориф ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, муовини раиси ноҳия Рафоат Каримова доир ба таълиму тарбияи фарзанд, масъулияти падару модарон, мустаҳкамии оила, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сухан ронд.
Гурӯҳи духтарон маҳорати кадбонугию рӯзгордории хешро намоиш доданд, ки аз ҷониби иштирокчиён ба он баҳои баланд дода шуд. Ҳамчунин бонувони собиқадор, муаллимаҳои таълимгоҳҳо қаноатмандии хешро аз ҳунаромӯзию рӯзгордории хонандагон изҳор намуданд. Зеро имрӯз дар таълимгоҳ маҳфилҳои дӯзандагию бофандагӣ, пазандагӣ, расмкашию дуредгарӣ хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон дар озмуну намоишҳои гуногун ҷойҳои намунавиро ишғол менамоянд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






