Аз 3790 донишҷӯи пурсидашуда 3006 нафар аз ихтисоси интихобкардаашон розӣ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ Ховар/. Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ масъулони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки соли 2016 Маркази мазкур бобати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳо ва такмили минбаъдаи низоми ИМД (Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ) байни донишҷӯёне, ки аз тариқи ИМД дар соли 2016 ба муассисаҳои таълимӣ дохил шуданд, пурсиш гузаронид. Пурсиши мазкур дар 32 донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Панҷакент, Исфара ва Бӯстон, дар байни 3790 донишҷӯ дар доираи 195 ихтисос гузаронида шуд.
«Барои баргузории ин тадбир пурсишномаи иборат аз 16 саволу 6 зерсавол бо забонҳои тоҷикию русӣ таҳия шуда, саволҳои пешниҳодшуда назари донишҷӯёнро оид ба ҷараёни ИМД (Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ) дарбар мегирифт. Пурсиш муайян намуд, ки аз шумораи умумии донишҷӯёни иштирокнамуда 3006 нафар (79,31%) аз ихтисоси интихобкардаашон розӣ буда, 6,41%-и пурсидашудагон ихтисосҳоро тасодуфӣ ё бе ихтиёри худ (яъне таҳти андеша ва таъсири дигарон) интихоб кардаанд», -зикр гардид дар нишаст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






