Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Февраль 24, 2017 16:01

ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», Дар бораи таҳсилоти калонсолон, Дар бораи кӯмакҳои иҷтимоии унвонӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, асосҳои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо ва имтиёзҳоро ба шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» асосҳои ҳуқуқию ташкилии низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таҳсилоти калонсолон муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон танзим намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ба касбу кори ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ фаро гирифтани шахсони калонсол равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи кӯмакҳои иҷтимоии унвонӣ асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ ва молиявии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба оилаҳои камбизоат муайян менамояд. Аз ҷумла, тартиби муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, таъйин кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби муайян кардан ва ба ҳисобгирии шаҳрвандоне, ки ба кумаки унвони ниёз доранд, асосҳои қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд, Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва паҳлӯҳои дигари масъала ба танзим фаро гирифта шудаанд.

Инчунин тағйиру иловаҳое, ки ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дигар санадҳои қонунгузорӣ ворид карда шудаанд, ҷиҳати тақвияти мубориза бо коррупсия равона гардидаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ, Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ бо мақсади такмили қонунҳои амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёри онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ барои таҳкими қонуният, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Февраль 24, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди силро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд