Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф
ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷиабори таркиши маргталабонаи террористӣ дар ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд, ки муҷиби шаҳодати даҳҳо зоирону мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони кишвар гардидааст, моро ниҳоят андӯҳгин намуд.
Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, маҳкум намуда, зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Покистон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзумандам».








Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






