Бозиҳои зимистонаи осиёӣ ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 27.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19-ум то 26-уми феврал дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои Ҷопон баргузор шуданд, шаби якшанбе ба поён расиданд. Дар ин бозиҳо беш аз 1200 нафар варзишгарон аз 29 кишвар ширкат доштанд. Ба ҳайси меҳмон дар ин бозиҳо варзишгарони Австралия ва Зеландияи Нав иштирок карданд.
Мусобиқот аз рӯи 11 намуди варзиш — биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, ҳоккей бо шайба ва шорт-трек гузаронида шуданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ варзишгарони Япония бо касби 74 медал (27 тилло, 21 нуқра ва 26 биринҷӣ) ҷойи аввалро ба даст оварданд. Кореяи Ҷанубӣ бо 50 медал (16 тилло, 18 нуқра, 16 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Чин бо 35 медал (12 тилло, 14 нуқра, 9 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Варзишгарони Қазоқистон бо 32 медал (9 тилло, 11 нуқра, 12 биринҷӣ) мақоми чорумро аз худ карданд. Ба варзишгарони 24 кишвари дигари Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон муяссар нашуд, ки ба гирифтани медалҳо сазовор гарданд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ чор варзишгар Баракатулло Зокиров, Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов намояндагӣ карданд. Ҳар чор дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи бузург ва слалом миёни мардон ширкат варзиданд
Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ соли 2021 дар Чин пеш аз Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 баргузор мешаванд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






