Дар доираи намоиши «Остона ЭКСПО-2017» Шариф Саид бо Висенте Лоссерталес гуфтушунид анҷом дод
ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар». Дирӯз дар доираи сеюмин ҷамъомади байналмилалии иштирокчиёни «Остона ЭКСПО-2017» Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоиши махсусгардонидашудаи байналхалқии «Остона ЭКСПО-2017» Шариф Саид, бо котиби генералии бюрои намоишҳо Висенте Лоссерталес гуфтушунид анҷом дод.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, Шариф Саид зикр намуд, ки Тоҷикистон дар кори намоиши байналмилалии «Остона ЭКСПО-2017» таҳти шиори «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ фаъолона иштирок хоҳад кард.
«Тоҷикистон новобаста аз захираҳои бузурги обиву энергетикӣ, доимо ба масоили ҳалли мушкилоти вобаста ба об аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар робита ба ин, дар давоми чанд соли охир ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ якчанд ташаббус пешниҳод намуд, ки аз ҷониби СММ қабул ва дар ҳоли татбиқшавӣ қарор доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020»-ро қабул кардааст. Вобаста ба ин Ассамблеяи генералии СММ якдилона қатъномаи «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028-ро қабул намудааст»,- афзуд Шариф Саид. Қатъномаро 177 кишварҳои узви СММ дастгирӣ намуданд.
«Тоҷикистон дорои иқтидорҳои азими манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба монанди гидроэнергетика, энергияи офтоб ва неруи бод мебошад. Дар Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин самт бо муваффақият ҷараён доранд. Ҳамкории байниминтақавӣ оид ба масоили энергетика, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар минтақаи кӯҳсор бояд яке аз самтҳои афзалиятноки Expo 2017 гарданд»,-иброз дошт Шариф Саид.
Висенте Лоссерталес ба омодагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани «EXPO 2017» баҳои баланд дода, зикр намуд, ки то оғози намоиш ҳамагӣ 107 рӯз боқӣ мондааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






