Дар шаҳри Норак озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» дар сатҳи баланд баргузор гардид

Февраль 11, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» 10 феврал дар Китобхонаи марказии «Дӯстии халкҳо»-и шаҳри Норак баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ӯ зикр кард, ки озмуни мазкур бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар сатҳи баланд доир гардида, дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр Шаҳло Ҳасанзода, кормандони бахши фарҳанг, занони собиқадор, шуроҳои занони корхонаю муассисаҳо, фаъолзанони ҷамоатҳои деҳоти Пули Сангину Дуконӣ ва минтакаҳои манзилии шаҳр иштирок намуданд.
Иштирокчиёни озмун ҳунари кадбонугӣ, таомҳои миллии қадима ва замонавӣ, намоиши хӯришҳо, намоиши маҳсулоти нонии омоданамудаи хешро манзури ҳакамон ва тамошобинон намуданд.
Ба иттилои манбаъ, озмун бо фарогирии занону духтарони шаҳр баргузор гардид. Мақсад аз баргузори чунин озмунҳо густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуи беҳтарин аз қабили донандагон ва пазандагони таомҳои қадима ва замонавӣ ва ба ин васила тарғиби расму оинҳои миллӣ буда, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани ҳунармандии кадбонуи беҳтарин, ҷалбӣ дуҳтарон ба ҳунарҳои пазандагӣ, дарёфти таомҳои миллӣ ва ғайра мебошад.

Февраль 11, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад