Дар Вазорати фарҳанг таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои зерсохтор ҷаласа баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили барномаҳои дар пешистода, хусусан Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг вазифадор гардиданд, ки барои дар сатҳи арзанда ҷашн гирифтани иду чашнвораҳо ва дар доираи 120 рӯзи ободонӣ шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор намоянд.
Масъалаҳои зимистонгузаронӣ, танзими қабули донишҷӯён ба макотиби олии соҳа, бо кор таъмин кардани хатмкунандагон, санҷиши фаъолияти муассисаҳо, ташкили марказҳои матбуотӣ ва сомонаҳо дар муассисаҳо аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буданд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






