Душанбе-мизбони бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2018
ДУШАНБЕ, 27.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе макони баргузории бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-сола интихоб шуд. Дар ин бора сайти КФО хабар медиҳад.
21 апрел баъди қуръакашии бозиҳо ҳамгурӯҳони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон муайян мегарданд. Дар синну соли 16-солаҳо 46 даста дар ду гурӯҳ-Шарқ ва Ғарб ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар гурӯҳи Ғарб дастаҳои мунтахаб аз 6 гурӯҳи иборат аз 4 даста таркиб меёбанд. Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Непал, Қатар ва Арабистони Саудӣ мизбони бозиҳо интихоб шудаанд. Вохӯриҳо аз 16 то 24 сентябр гузаронида хоҳанд шуд.
Миёни дастаҳои то 19-сола 44 дастаи мунтахаб ширкат менамоянд ва дар 5 гурӯҳ ба мусобиқаҳо мепардозанд. Се гурӯҳ аз панҷ даста ва ду гурӯҳ аз 4 даста таркиб меёбанд. Мизабони бозиҳои интихобӣ дар Осиёи Ғарбӣ- Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Қатар ва Арабистони Саудӣ пазируфта шудаанд.
Дар Осиёи Шарқӣ низ панҷ гурӯҳ таъсис меёбанд, ки чортоаш аз 4 даста ва яктоаш аз панҷ даста иборат хоҳад буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






