Хонандагони шаҳри Қӯрғонтеппа дар олимпиада соҳиби 41 медал гаштанд
ДУШАНБЕ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Қӯрғонтеппа ба анҷом расид. Дар он 120 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ намуда, сазовори 41 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 13 медали нуқра, 19 медали биринҷӣ ва 13 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Онҳо дар умум 29% медал ва ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон, дар ин ҷода саҳми хонандагони Литсейи №1 бо гирифтани 13 медал ва ҷойи ифтихорӣ, мактаб-интернати физикӣ-математикии «Ориёно» бо гирифтани 5 медал ва 3 ҷойи ифтихорӣ, Мактаби бачагони лаёқатманди шаҳр бо гирифтани 6 медалва 4 ҷойи ифтихорӣ назаррас аст.
Дастовардҳои хонандагони ин мактабҳо бозгӯйи масъулияти баланди омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ дар таълиму тарбияи шогирдон ва дуруст ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аст.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






