Имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ каме гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистониёнро имрӯз, 7 феврал ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, рӯзона ҳаво дар ҷумҳурӣ каме гарм шуда, дар ағбаҳои кўҳӣ туман ва яхбандӣ пешбинӣ гардидааст.
Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим ҳамоно боқӣ мемонад.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, ҳаво дар Суғд шабона то -1-4 дараҷа хунук, рӯзона 0-6 дараҷа гарм, дар Хатлон шабона 1-4 дараҷа хунук, рӯзона 1-7 дараҷа гарм, навоҳии тобеи марказ — шабона 2 -5 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм, дар ғарби ВМКБ шабона -8-12 дараҷа, рӯзона 4-8 дараҷа хунук, дар шарқ ҳарорати ҳаво шабона 22-27 дараҷа, рӯзона то 25 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳаво шабона 1-4 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






