Имрӯз дар баъзе минтақаҳо борон ва барф меборад

Февраль 28, 2017 09:23

ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон ва барф меборад. Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 2 то 7 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 4 то 9 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо нимаи дуюми рӯз борон меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо рӯзона борон ва барф меборад. Дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо рӯзона борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 28, 2017 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад