ММТ: аз соли 2018 дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ мегардад

Февраль 6, 2017 17:18

Маркази тестиДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ Ховар/. Тавре ки имрӯз дар нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, шурӯъ аз соли 2018 тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ИМД (Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ) кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ мегардад ва барои ҳамаи довталабон навиштани эссе бо забони тоҷикӣ ҳатмӣ хоҳад шуд.
«Кори хаттӣ иншои озод (эссе) воситаи хуби санҷиши дониш ва малакаю маҳорати хонандагон, махсусан маҳорати арзёбии мустақилона (дарку баррасии масъала ва хулосабарорӣ), баёни дуруст ва мураттаби фикр, доираи андеша, ҷаҳонбинӣ ва дараҷаи саводнокии онҳост», — изҳор дошт Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзуд, ки марказ вобаста ба ин амал корҳои омодагиро ба роҳ монда, озмоиши хурди кори хаттиро (эссе) бо мақсади муайян кардани ҷанбаҳои асосии тартиби ташкилу баргузорӣ ва меъёри баҳогузорӣ ба он гузаронид. Мавсуф дар тақвияти ин мавзӯъ ҳамчунин зикр кард, ки озмоиши мазкур рӯзҳои 21 22-юми ноябри соли 2016 баргузор гардида, дар он хонандагони синфҳои 11-уми 28 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд. Шумораи умумии иштирокдорони озмоиш 916 хонандаро ташкил дод. Аз ҷумла, аз Душанбе 362 нафар (40%), шаҳри Ваҳдат 187 нафар (20%), шаҳри Ҳисор 190 нафар (21%) ва ноҳияи Рӯдакӣ 177 нафар (19%) буданд.
Таҳлили натиҷаи бадастовардаи иштирокдорони озмоиши кори хаттӣ- (эссе) холҳо аз рӯйи ҳамаи меъёрҳо (мазмуну мундариҷаи иншо ва шумораи ғалатҳои имлоӣ, китобатию ва услубӣ) нишон медиҳад, ки дараҷаи дониши хонандагон, бахусус нутқи хаттии онҳо баланд нест. Холи миёнаи бадастовардаи иштирокдорони озмоиш 8,9 аст. Мувофиқи меъёри муқарраршуда холи имконпазири ҳадди аксар барои кори хаттӣ (эссе) 24 аст.

Февраль 6, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд