ММТ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ семинари омӯзишӣ доир мекунад

Февраль 7, 2017 09:15

Маркази тестиДУШАНБЕ, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақшаи тадбирҳо оид ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017-2018 аз 6 то 17 феврали соли равон семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мақсади семинар омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2017 мебошад.
Семинари омӯзишии кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ тибқи барнома ва модули тасдиқгардида баргузор гашта, дар асоси озмуни Марказ беҳтаринҳо интихоб ва ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, барои иштирок дар ин семинар ва ҷалб гардидан ба кори муваққатӣ дар давраи бақайдгирӣ 275 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд, ки аз ин шумора вобаста ба таҳлил ва санҷишҳои пешакӣ 261 нафар барои иштирок дар семинари мазкур роҳ ёфтанд.
Семинари мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ доир гардида, пас аз баргузории курсҳо ва имтиҳони иштирокдорон 180 нафар ба кори муваққатӣ ҷалб мешаванд. Фаъолияти бақайдгирандагони интихобшуда аз 1 марти соли равон шурӯъ мешавад.

Февраль 7, 2017 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд