Мулоқоти Пешвои миллат бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркеш
ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркешро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифта, вохӯрии имрӯза идомаи мантиқии ҳавасмандии дуҷониб ба рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия 25 сол сипарӣ шуд ва дар айни замон зиёда аз 60 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра раванди ин ҳамкориҳо танзим менамояд.
Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат новобаста аз таъсири бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ устувор арзёбӣ гардида, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкилу гузаронидани Форуми соҳибкорон ва фаъол гардонидани Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия ҳамчун воситаҳои муассири таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷониба маънидод шуд.
Барои ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ, туризм ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати тавсеаи ҷанбаҳои гуманитарии ҳамкориҳо, хусусан ҳифзи фазои идеологии кишварҳо аз паҳншавии ақидаҳои ифротиву тахрибгарона табодули афкор карда, доир ба муҳимияти ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.











Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






