Мулоқоти хоссаи Пешвои миллат бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин
ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир гардид.
Роҳбарони давлатҳо дар оғози вохӯрӣ бори дигар ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия самимона шодбош гуфта, барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Боздиди расмии навбатии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз 25- солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат нишони олии таваҷҷуҳи бесобиқаи роҳбарияти сатҳи олии ин кишвар ба дурнамои муносибатҳои неку дӯстона ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия- Ордени Александр Невский сарфароз намуд.
Дар идомаи суҳбати самимӣ барои таҳкиму тавсеаи бештару хубтари муносибатҳои дӯстонаю стратегии Тоҷикистону Россия дар тамоми соҳаҳои мутақобилан манфиатбор изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмии комил баргузор гардид.




















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






