Насим Олимзода: «Шумораи шаҳрвандони ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат муроҷиаткунанда нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад. Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумакҳои тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» баррасӣ ва қабул гардид.
«Зарурати беҳтар намудани сифати неруи кадрии соҳа, таъсиси низоми самараноки таҳсилоти тиббӣ бо назардошти ҳавасмандсозии кормандони соҳа, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд. Зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад»,-таъкид доштанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода суҳбат намуд.
«Ховар»: Тавре маълум аст, Пешвои миллат зимни ҳар суханронӣ дар мавриди солимии аҳолӣ ёдовар мешаванд. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кадом корҳоро ба сомон расонид?
Насим Олимзода: Ҳукумати кишвар ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, алалхусус ҳифзи саломатии модарону кўдакон, пиронсолону маъюбонро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ бо мақсади боздиду таҳким ва такмил додани пойгоҳи ҳуқуқии соҳа санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, қонунгузории миллии соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоии кишвар куллан тағйир ёфта, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў гардиданд.
Сол аз сол бунёду навсозӣ ва дар муҳити идона ба истифода додани инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои тандурустию иҷтимоии кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар манотиқи гуногуни мамлакат зиёда аз 1000 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру барқарор гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд. Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Беморхонаи вилоятӣ, воқеъ дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон, Беморхонаи вилоятии бемориҳои саратон дар шаҳри Кўлоб, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии шаҳраки Данғара, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Хуросон, Ҷайҳун, Фархор, Ҳамадонӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Бохтар, Маркази саломатии ноҳияи Рўдакӣ ва садҳо дигар иншооти дигари тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ далели бевоситаи эътироф ва дастгирии бевоситаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22декабри соли 2016 қайд намуданд, дар даврони Истиқлолият нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кўдакон 2,7 баробар коҳиш ёфта, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид.
Дар раванди пешгирии пайомадҳои нохуши никоҳи хешутабории наздик, пешгирии таваллуди кўдакони маъюб ва дар ин самт паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ, мутобиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорат корҳои зиёд амалӣ гардиданд.
Дар соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул гардиданд.Инчунин«Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Дар ин замина фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба татбиқи қарори мазкур тасдиқ гардида, ба тамоми муассисаҳои зерсохтори вазорат дастрас шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардиданд.
Дар соли таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ»ба кор шурўъ намуд. Фаъолияти маркази мазкур баҳри фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кўдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои ирсӣ – авлодӣ, паст намудани маъюбшавии кўдакон аз никоҳи хешутаборӣ мусоидат менамояд.
«Ховар»:Маълум аст, ки фаъолияти босамари ҳар як соҳа аз маблағгузорӣ вобастагии калон дорад. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ин раванд чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Насим Олимзода: Дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ворид намудани шаклҳои нави маблағгузории ба замони ҳозира мутобиқгашта самти афзалиятноки соҳа эълон шудааст. Буҷети соҳаи тандурустӣ дар 10 соли охир аз 112 678 ҳазор сомонӣ ба 1 263 882 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2006-ум 11,2 маротиб зиёд мебошад. Хароҷот нисбат ба ҳар як нафар аҳолӣ дар соли 2016-ум 147,4 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба солҳои 2006 9,0 маротиба зиёд мебошад.Дар 10 соли охир музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ баланд шуда, моҳонаи табибон аз 58 сомонӣ ба 945 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ аз 41 сомонӣ ба 586 сомонӣ, кормандони хурди тиббӣ аз 32 сомонӣ ба 400 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2006 мутаносибан аз табибон 16,3 маротиба, кормандони миёнаи тиббӣ 14,3 маротиба ва кормандони хурди тиббӣ 12,5 маротибаро ташкил медиҳад.
«Ховар»: Асри ХХ1 асри техникаю технология мебошад. Имрӯз соҳаи тандурустӣ дорои кадом навъи таҷҳизоти муосир мебошад?
Насим Олимзода:Раванди афзоиши беморхонаҳои хусусӣ, воридсозии техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа, аз қабили компютерҳои томографӣ ва магнитию резонансӣ, лазерҳои гуногунҷабҳа, таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва болоравии сифати корҳои ташхису табобат дар онҳо низ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳанд. Масалан, агар 10 сол пеш танҳо як адад компютери томографӣ барои тамоми аҳолии кишвар истифода бурда мешуд, дар айни замон зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои томографияи компютерӣ ва магнитию резонансии гуногунҳаҷми ҳозиразамон, 9 адад маммограф, 6 адад ангиограф, зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои поксозии хун, ташхисҳои рентгении рақамӣ, ташхисҳои озмоишгоҳӣ тавассути анализаторҳои автоматикӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ фаъолият доранд.
Дар ин солҳо дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат ҳангоми нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ҷигар,иваз намудани буғуми рон ва зонуи беморон ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷоғу рўй, ҷарроҳиҳои батнӣ ва ҷарроҳиҳои асаб тавассути дастгоҳи эндовидеоӣ, ҷарроҳиҳои нодир ҳангоми саратони сурхной мавриди истифода қарор гирифта, тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ муолиҷаи беморони дилу рагҳо мавриди амал қарор гирифта, эндоурология ва сангшиканӣ дастраси аҳолӣ гардиданд. Дар натиҷа, шумораи шаҳрвандони ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат муроҷиаткунанда нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт.
«Ховар»: Зимни пешниҳоди Паёми худ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад, зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян намешавад. Инчунин масъалаи норасоии мутахасиссони соҳаи тиб ташвишовар мебошад. Корҳо дар ин самт чӣ гуна ба роҳ монда шудаанд?
Насим Олимзода:Дар даврони соҳибистиқлолӣ корхонаҳои хурду бузурги дорусозӣ бо мақсади коркарди гиёҳҳои ватанӣ ба фаъолият шурўъ карданд. Дар айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 корхонаи истеҳсолӣ зиёда аз 150 номгўйи маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд.
Ҳоло дар кишвар шумораи табибон 17 352 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба 25 соли пеш 23 фоиз зиёд аст. Дар давоми 25 соли Истиқлолият 45522 нафар табиб ба такмили ихтисос ва бозомўзӣ фаро гирифта шуданд. Тарбияи мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва фармасевтӣ дар 23 коллеҷи тиббӣ ба роҳ монда шуда, аз инҳо 14 адад ё 61% дар 25 соли истиқлолият таъсис дода шуда, дар ин муддат 92788 нафар коллеҷҳои тиббиро хатм намуданд. Дар ин давра Академияи илмҳои тиб таъсис дода шуд ва аз 16 муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ 11 адади онҳо дар даврони Истиқлолият таъсис дода шудаанд. Айни ҳол дар соҳаи тандурустии кишвар 775 нафар номзадҳо ва докторони илм фаъолият доранд, ки қариб 80 фоизи онҳо дар даврони Истиқлолият рисолаҳои илмии худро ҳимоя намудаанд.
Ҳамаи ин ба самараи раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ вобаста буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси суръатбахшии татбиқи мақсадноки сиёсати тандурустӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» гардидааст.
«Ховар»: Вазъ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имрӯз дар кадом сатҳ карор дорад?
Насим Олимзода:Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 8 муассисаи давлатии хона-интернат, 1 маркази миллии тавонбахшии кўдакони маъюб, 1 маркази ҷумҳуриявии тавонбахшии маъюбон ва будубоши доимии пиронсолону маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, 6 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон, 20 маркази хизматрасонии будубоши рўзона, 40 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва 1 корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и ш. Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кўлоб, Хуҷанд ва Хоруғ фаъолият менамоянд ва бунёди 1 маркази тавонбахшии байналмилалӣ дар ноҳияи Балҷувон идома дорад.
Яке аз дастовардҳои муҳими замони Истиқлолият ҷорӣ намудани механизми унвонии таъйин ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат мебошад. Механизми мазкур ибтидо дар соли 2011 дар ду ноҳияи ҷумҳурӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардида, дар айни замон он дар 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дошта, қариб 90 ҳазор оилаҳои камбизоат аз он бархўрдор мебошанд. Дар назар аст, ки аз 1 октябри соли равон боз дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин барнома ҷорӣ карда, аз соли 2018 дар тамоми ҷумҳурӣ васеъ паҳн карда мешавад.
«Ховар»: Рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ имрӯз дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад. Қабули Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумакҳои тиббию санитарӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Таъмини амнияти санитарию эпидемилогӣ имрӯз чӣ тавр роҳандозӣ мешавад?
Насим Олимзода:Таҳлили вазъи фаъолият дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар давоми соли 2016 нисбат ба соли 2015 нишон медиҳад, ки бо анҷом додани чораҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ дар омўзиши омилҳои муҳити зисти таъсиррасон ба солимии аҳолӣ ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳои ба омма фаҳмонидан дар байни аҳолӣ вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ идорашаванда гардидааст.
Мутаассифона,ҳолатҳои иҷро нагардидани талаботи қонунгузории таъмини амнияти санитарию эпидемилогӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Дар ҳамин давра аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 43 ҳазору 175 санҷиш гузаронида, барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 8 ҳазору 784 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 1477890 сомонӣ ҷарима баста шуд. Инчунин фаъолияти 1253 иншоот муваққатан боздошт шудааст.Дар рафти санҷишҳо аз дўкону мағозаҳои фурўши маҳсулоти хўрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо 172742,8 кг маҳсулоти бесифату муҳлаташон гузаштаи ҳам воридотӣ ва ҳам истеҳсоли ватанӣ ба маблағи 892786 сомонӣ дарёфт гардида, аз муомилот гирифта шуданд.
«Ховар»: Имрӯз дар соҳаи тандурустӣ кадом мушкилиҳо ҷой доранд?
Насим Олимзода:Албатта, дар соҳа ҳанӯз мушкилоти зиёд ҷой доранд, ки бартараф кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мост. Аз ҷумла, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгў ба ҷаҳони муосир аз мушкилотест, ки марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодааст.
Ба роҳ мондани истеҳсоли боз ҳам бештари маводи доруворӣ аз гиёҳҳои ватанӣ, беҳтаркардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳо, бахусус дар шаҳру навоҳии дурдасти кишвар, бар роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ, дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам сохтани шароити арзанда дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ аз вазифаҳои асосии мост.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдатимиллӣ, Пешвоимиллат, ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми ҷавонони кишвар дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дарҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд. Ин пешниҳодромониз якдилона ҷонибдорӣнамуда, ҷалбибештари ҷавононро ба соҳамувофиқимақсадмешуморем.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ минбаъд низ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Лайло ТОҲИРӢ