Парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро қабул кард
ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» 22 феврал аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид. Зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Баҳром Абдуалимов зикр намуд, ки ҳадафи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ ва ҳудуди кишвар мебошад.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқию ташкилиро дар соҳаи баҳодиҳии хатар, сохтмони бино ва иншооти ба зилзила тобовар, огоҳкунии пешакии аҳолиро ба танзим дароварда, коҳиш додани зарари иҷтимоӣ-иқтисодиро аз зилзилаҳои шадиди эҳтимолӣ муайян менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» аз 7 боб ва 29 модда иборат буда, зимни таҳияи он таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ истифода гардидааст.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






