Рейтинги нави ФИФА ба нашр расид

Февраль 10, 2017 17:48

ДУШАНБЕ, 10.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), ки 9 феврал интишор ёфт, мавқеи Тоҷикистонро як зина поён бурд ва акнун дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар мақоми 133-юм қарор дорад.
Футболи Тоҷикистон дар байни дастаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мақоми 22-юмро ба худ ихтисос додааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоно дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 32-юм), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум (39) ва Ҷопон дар ҷойи сеюм (52) ҷойгир шудаанд.
Дар миёни дастаҳои футболи ҷаҳон Аргентина дар феҳристи нав бо 1635 имтиёз садрнишин аст. Дастаи мунтахаби Бразилия (1544 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Олмон (1433 имтиёз) дар ҷойи сеюманд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаи аз ҳама баланд ба Украина (30) тааллуқ дорад. Русия (61) ва Ӯзбекистон (63) мутаносибан дар ҷойҳои дуюм ва сеюм мебошанд. Тоҷикистон дар ин шумора пеш аз Туркманистон (144) ва Молдова (163) мавқеъ дорад.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 инҷониб аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллии кишварҳо дар давраи ҳар чаҳор сол муайян карда мешавад. Беҳтарин нишондоди Тоҷикистон аз оғоз то ба имрӯз зинаи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ба ҳисоб рафта, пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Февраль 10, 2017 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад